Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон номи қонунеро дигар ва ҷазоро сахттар карданд


Кӯдакон дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Кӯдакон дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Вакилони порлумони Тоҷикистон дар як қонун калимаи “фарзанд”-ро ба вожаи “кӯдак” иваз ва “масъулияти падару модар”-ро аз номи қонун берун карданд.

Акнун барои кори ноҷои ноболиғон на танҳо падару модар, балки омӯзгорону дигар афроде, ки дар тарбия ва нигоҳубини онҳо саҳм доранд, ҷавобгар хоҳанд шуд.

Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки ҳоло қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ном гирифт, ҷавобгариро низ сахттар кардааст.

Мақомот ва вакилони парлумон бовар доранд, ки ин тарҳ ба беҳтар шудани вазъи таълиму тарбия мусоидат мекунад, вале бархе коршиносон аз чунин дигаргуниҳо беҳбудиро интизор набуда, таъкид мекунанд, ки он омилҳои фасодро дар кишвар бештар хоҳад кард.

Беҳрӯз Сафарзода, сармутахассиси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, қонун ба замони муосир мутобиқ шудааст.

“Ҳадаф аз қабули қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ин бо назардошти вазъи сиёсӣ, вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, тарбия намудани кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, аз худ кардани таълиму тарбия ва пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои номатлуб, оворагардӣ ва монанди инҳо мебошад,”—гуфт ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

Вакилони тоҷик қонуни ҷанҷолиро шарҳ доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Дар қонуни қаблӣ нақши мактабу ҷомеа ҷой надошт ва ҳам вожаи “фарзанд” синну солро муайян намекард.

Мавлудахон Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 20-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, акнун на танҳо ҷаримаи волидон барои бемасъулиятӣ ба андозаи аз 10 то 12 нишондиҳанда ё аз 720 то 864 сомонӣ, балки муҷозоти дигарон ҳам муқаррар шудааст.

“Кормандони муассисаҳои таълимӣ ё тарбиявӣ дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак истифода бурдани зӯроварӣ, инчунин назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломати таркиби ҷиноят дар ҳамин ҳолат тибқи лоиҳаи баррасишуда, ҷазои ҷаримавӣ пешниҳод карда шудааст, ки он ба андозаи аз 20 то 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо(1440 то 1800 сомонӣ) мебошад,”--гуфт Мавлудахон Мирзозода.

Тарҳи ин қонун дастраси мардум ва расонаҳои мустақил нест ва пурсишу норушаниҳоеро ба миён овардааст. Аз ҷумла, ҳангоми қабули он вакилони порлумон гуфтанд, дар баробари волидайну мактаб, ҷомеа низ дар таълиму тарбияи кӯдак масъул аст, вале маълум нест, манзур аз ҷомеа киро дар назар доранд ва чӣ ӯҳдадориву масъулиятҳое ё муҷозоте пешбинӣ шудааст.

Нмояндагони Вазорати маориф ва вакилони порлумон ба чунин норушаниҳо посухи дақиқ надодаанд.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов бар ин аст, ки тағйиру иловаҳои қонун метавонад, сабаби зуҳуроти номатлуб низ шавад. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз роҳи муҷозот додани падару модар ё масъулони мактаб вазъи таълиму тарбия беҳтар нахоҳад шуд.

“Бо ба таври қонун кӯшиши таъсис додани боз ким кадом комиссияҳо ё масъулиятҳои иловагиро ба зиммаи дигар ниҳодҳо додан ин боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои коррупсионӣ ва дигар падидаву зуҳуроти номатлуб низ шуда, раванди таълиму тарбияро халалдор низ хоҳад кард,”--гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Баҳсу муҳокима атрофи қонуни такмилшуда, бо вуҷуди пазируфта шуданаш аз тарафи Маҷлиси намояндагон, идома дорад. Қонун замоне мавриди амал қарор мегирад, ки Маҷлиси миллӣ онро қабул карда, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба он имзо кунад ва матнаш дар матбуоти расмӣ чоп шавад.

Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" дар Тоҷикистон соли 2011 қабул шуд ва то кунун бар пояи он ҳазорҳо падару модарро танбеҳ доданду ҷарима бастанд. Ин қонун аз оғози қабул шуданаш баҳси зиёдеро дар матбуоти Тоҷикистон барангехт, чун баъзеҳо онро дахолат ба ҳуқуқи бунёдии инсон номида мегуфтанд, аз чунин роҳҳои маъмурӣ наметавон, таълиму тарбияи фарзандро беҳтар кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG