"Вақте наздикон хушунат мекунанд..."
Мутриба Алиҷонова, корманди созмони "Ташаббуси ҳуқуқӣ" ва яке аз ҷонибдорони иқдом, мегӯяд, ҷабри баъзе аз волидон ва хешовандон сабаби чунин тағйирот шуд.
"Вақте падару модар ё хешовандони наздик нисбат ба кӯдакон хушунатро раво мебинанд, маълум аст, ки касе ба ҷое шикоят намекунад. Аз ин рӯ, бо тағйири қонун ба кӯдакон имкон дода шуд, ки бевосита ба мақомот шикоят кунанд," -- афзуд ӯ.
Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" қабул шуд ва то кунун бар пояи он ҳазорҳо падару модарро танбеҳ доданду ҷарима бастанд. Тарзи иҷрои қонуни нав ҳанӯз эълон нашудааст. Маълум нест, ҷазои шахсоне, ки кӯдакон ба зидди онҳо шикоят кардаанд, чӣ хоҳад буд.
Мавридҳои озору азияти кӯдакон ҳар чанд вақт дар Тоҷикистон расонаӣ шуда, таваҷҷуҳи мақомоту ҷомеаро барои чанд муддат ба ин мушкил ҷалб мекунад. Бо гузашти вақт ҳама фаромӯш мешавад.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, мудири Пажӯҳишгоҳи Осиё ва Аврупо, ин иқдом метавонад барои боло бурдани мавқеи кӯдакон дар ҷумҳурӣ мусоидат кунад: "Ҳеч пайомади бад нахоҳад дошт. Баръакс, кӯдакон дар рӯҳияи солим ба воя мерасанд ва аз ҳуқуқи худ бархӯрдор мегарданд. Кӯдакони мо, ки аксаран бо эҳсоси суннатӣ ва бо ҷабру тарсондан калон мешаванд, дар ҷомеаҳои модерн уқдаи тарс аз зеҳни онҳо бардошта мешавад."
"Меъёри ахлоқӣ ҳам ҳаст"
Иҷоза ба кӯдакон барои шикоят аз бадрафтории падару модар ва хешовандони дигар ба мақомоти давлатӣ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон вокуниши яксон надорад.
Бархе агар ин иқдомро дурусту зарурӣ мешуморанд, теъдоди дигар онро як навъ беэҳтиромӣ нисбат ба волидон медонанд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон арҷгузорӣ ба заҳматҳои волидон аз хурдӣ талқин мешавад ва фарзандон низ маъмулан кам иттифоқ меафтад, ки падару модарро барои бемасъулиятӣ ва поймол кардани ҳуқуқашон сарзаниш кунанд.
Намоз Бобоев собиқаи зиёди корӣ дар Мактаби махсуси бачаҳои душвортарбияро дорад. Ӯ мегӯяд, агар аз як тараф ин иқдом ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон мусоидат кунад, аз тарафи дигар имкон дорад дар мавридҳои дигар аз он суистифода сурат бигирад.
"Аз таҷриба гуфта метавонам, ки дар мактаб-интернат духтарони 10-12 сола буданд. Онҳо падару модарашонро туҳмат карда буданд, ки яке 17 сол ва дигаре 27 сол зиндонӣ шуд. Дар фарҳанги мо бояд дар баробари меъёрҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ҳам ба инобат гирифта шавад".
Аммо ҷонибдорони қонуни нав далелҳои худро доранд. Мутриба Алиҷонова, ҳуқуқшиноси созмони иҷтимоии "Ташаббуси ҳуқуқӣ", гуфт: "мо парвандае доштем. Як духтари 16-сола ба зидди модараш шикоят кард. Ба нақли ӯ, модараш аз падар ҷудо шуда буд ва аз субҳ то нисфи шаб дар кор буд. Тамоми вазифаҳои ӯро ҳамин духтар анҷом медод. Билохира, ба хулосае омада, ба мақомот шикоят кард, ки бояд ҳуқуқи ӯро ҳимоят кунанд. Ин хел ҳолатҳо кам нестанд”.
Ба бовари ҳамсуҳбати мо, аксар волидон намедонанд, ки барои тарбияи кӯдак ҷавобгаранд ва аз ин рӯ, ин иқдом метавонад волидонро масъул ва кӯдаконро ба ҳифзи ҳуқуқашон талқин кунад.
Ба омори расмӣ, танҳо дар соли 2022 барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар тарбияи ноболиғон, 21 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ки шаш нафари онҳо омӯзгор ва боқӣ падару модар ҳастанд. Додгоҳҳо дар давоми як соли гузашта 78 парвандаи ҷиноиро баррасӣ кардаанд, ки бар асоси он, 60 нафар барои зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон зиндонӣ шуданд.
Гуфтугӯ