Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Душанбе барои латукӯби фарзандаш муҷозот шуд


Зикриё Одинаев.
Зикриё Одинаев.

Мақомоти милиса дар шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахтро бо гуноҳи латукӯби фарзандаш ҷарима карданд. Ҷазои маъмурӣ нисбати Зикриё Одинаеви 47-сола баъд аз нашри навори латукӯби кӯдаки хурдсолаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт.

Корбарон ӯро барои чунин рафтораш маҳкум карда, аз мақомот хостанд, ки Одинаевро ба ҷавобгарӣ кашанд. Худи ин мард дертар бо нашри як навор гуфт, "барои ин кораш аз корбарон узрхоҳӣ мекунад ва ваъда дод, ки такрор намешавад".

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 11-уми октябр хабар дод, ин мард, ки чаҳор фарзанд дорад, аз ҳамсараш ҷудо шуда, тарбияи ду кӯдаки хурдсолашро ба дӯш дорад.

Мақомот гуфтаанд, азбаски ӯ парастори ду кӯдаки ноболиғ аси, ҷазояш бо ҷарима маҳдуд шуд. Ҳодисаи мазкур мавзӯи шиканҷа шудани наврасонро аз сӯи волидон дар Тоҷикистон дубора доғ кардааст.

Бархе аз равоншиносон мегӯянд, наврасон бештар замоне ба хушунат дар оила дучор мешаванд, ки падару модар миёни ҳам муноқиша доранд ё аз ҳам ҷудо шудаанд. Ба таъкиди равоншиносон, зану шавҳар набояд дар ҳолати нофаҳмиҳо дар оила аз фарзандон ҳамчун василаи фишор ба якдигар истифода баранд.

Коршиносон мегӯянд, волидон бояд дар тарбияи фарзандон эҳсоси масъулият дошта бошанд. Зеро хушунату зӯроварӣ ва ситам нисбат ба кӯдакон барояшон гарон хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG