Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане, ки дар навор кӯдакашро мезад, ҳодисаро шарҳ дод. ВИДЕО


Зане, ки дар навор кӯдакашро мезад, ҳодисаро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Як зани тоҷик, ки видеои задани тифлаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, сабаби рафторашро шарҳ дод.

Холиса Шоева рӯзи 28-уми апрел дар суҳбати телефонӣ гуфт, “вақте кӯдак ғам дод, асабам вайрон буд, задам, баъд чӣ.”

Вай ҳамзамон пинҳон накард, ки навор як навъ паём ба шавҳари собиқаш, Сайфиддин Алиев, аст.

“Кӯдакро задаму гуфтам, ки мезанам, ба ту фарқаш чӣ, дигар ин кӯдаки ту нест. Кӯдаки ман аст, модараш ҳастам ва ҳақ дорам, дар кадом ҳолате хоҳам барои тарбияаш мезанам. Фаҳмидӣ?!” – афзуд ӯ.

Холиса Шоева ва Сайфиддин Алиев чанд сол пеш издивоҷ карданд.

Ҳосили зиндагии якҷоя тифлест, ки ҳоло якунимсола шудааст ва зери тарбияи модар аст.

Зану шавҳар як сол пеш ва баъди ба дунё омадани фарзанд аз ҳам ҷудо шуданд.

Сайфиддин Алиев
Сайфиддин Алиев

Сайфиддин Алиев мегӯяд, бори аввал нест, ки аз ҳамсари собиқаш чунин паём мегирад ва дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ низ кӯдаки якунимсолаашро зуд шинохт.

Мегӯяд, ба назди онҳое рафт, ки тифлро қонунӣ аз ӯ гирифта, ба ҳамсараш дода буданд.

“Ба шуъбаи ҳифзи кӯдакони шаҳри Гулистон рафта, навори задани кӯдакро нишон додам. Ваъда доданд, ки ин дафъа масъаларо ба Душанбе мерасонанд ва беҷавоб намегузоранд,” – нақл кард ӯ рӯзи 28-уми апрел.

Сайфиддин Алиев ҳоло дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аст. Мегӯяд, намедонад, чаро ҳамсари собиқаш тифлро озор медиҳад ва аз ӯ чӣ мехоҳад.

“Ман кӯдакро аз модараш ҷудо намекунам, аммо ӯ духтари ман аст. Рафторе, ки модараш мекунад, аз рӯйи инсофу одамгарӣ нест. Бояд рафторашро хуб кунад. Кӯдаки ман аст ва ман ёрӣ медиҳам. Чаро кӯдакро озор медиҳад, ӯ чӣ гуноҳ дорад? Мақсади ман ин аст, ки хуб нигоҳубин кунад,” – афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба навори задани кӯдак вокуниш накардаанд, вале навори танбеҳи лафзӣ ва задани кӯдак аз тарафи модараш баҳси кӯдакозориро аз сӯйи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард.

Муҳаррама Раҳимова
Муҳаррама Раҳимова

Равоншинос Муҳаррама Раҳимова мегӯяд, зану шавҳар баъд аз пошхӯрии оила ё ҷудоии дарозмуддат мехоҳанд, бо озору азияти кӯдак аз ҳамдигар қасос бигиранд ё фишор биоранд.

Ӯ гуфт: “Дар чунин ҳолатҳои вазнин модарро муваққатан аз кӯдак ҷудо кардан зарур аст. Медонем, ки аз ҳама шахси наздик ба кӯдак аст, вале фаҳмидан лозим, ки чаро чунин муносибат дорад? Барои чӣ худдорӣ карда наметавонад? Оё баъди чунин ҷазодиҳӣ дар модар ҳисси пушаймонӣ ҳаст ё не?"

Бори аввал нест, ки кӯдакон дар Тоҷикистон "қурбон"-и муноқишаҳои хонаводагӣ мешаванд. Дар як соли охир беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ гардидаанду дигарон ҷарима пардохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон рафтори онҳоро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.

Додгоҳе дар вилояти Суғд се сол пеш як сокини шаҳри Хуҷандро ба гуноҳи латукӯби фарзандон ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Боздошту муҳокимаи Фирдавс Иномзодаи 34-сола пас аз нашри навори шиканҷаи кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG