Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Итoлиё пас аз марги як духтари ноболиғ TikTok-и кӯдаконро мебанданд


Шабакаи иҷтимоии TikTok бо талаби мақомоти Итолиё саҳифаи корбаронеро мебандад, ки синну соли худро камтар аз 13 нишон медиҳанд.

Қарори мазкур, ки 9 феврал ба иҷро медарояд, баъди марги духтараки 10-солае қабул буд. Ин духтарак дар як мусобиқаи хатарнок ширкат кард.

Вай телефон дар даст, дар дохили ҳаммом пайдо ва дар беморхона вафот кард. Ҷузъиёти ин ҳодисаро хоҳари духтараки фавтида нақл кард: бино ба мусобиқа, наврасон худро аз нафасгирӣ қисман маҳрум мекунанд. Падари духтари фавтида гуфт, ки аз иштироки духтараш дар ин мусобиқа огоҳ набуд.

Пулис айни ҳол ба таҳқиқ машғул аст. Масъулони TikTok гуфтанд, ба пулис кӯмак хоҳанд кард. Ва ҳамзамон ваъда доданд, ки кӯдакони то 13-сола аз сабт шудан дар шабака маҳрум месозанд.

Бино ба қонунгузории Итолиё, кӯдакони то 14-сола барои соҳиби саҳифа шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ризоияти волидонро дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG