Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти беш аз 5000 ҷонибдорони Навалний дар эътирозҳои ахир


Шаҳри Санкт-Петербург. Боздоштшудаҳоро даст пушти сар ба идораи полис интиқол доданд
Шаҳри Санкт-Петербург. Боздоштшудаҳоро даст пушти сар ба идораи полис интиқол доданд

Полиси Русия рӯзи 31-уми январ ҳангоми саркӯби бераҳмонаи эътирозгарони ҳабси мунаққиди Кремлин Алексей Навалний аз калтаку электрошокер истифода кард. Эътирозҳои азими ду ҳафтаи ахир бо талаби озод кардани раҳбари мухолифон барои бист соли раҳбарии Владимир Путин бесобиқа будааст. Дар натиҷаи саркӯбҳо, тахминан 5 ҳазор нафар бо иттиҳоми ширкат дар намоишҳои эътирозии бидуни иҷоза боздошт шуданд. Александр Габуев, як таҳлилгари Маркази Карнегии шаҳри Маскав гуфт, Путин “талош мекунад, баҳои ширкат дар эътирозҳои бидуни иҷозаи оппозитсиюнро боло барад ва аз роҳи латукӯбу ҷарима ва ҳабсҳои кӯтоҳмуддат онҳоро тарс бидиҳад”.

Рӯзҳои истироҳати ду ҳафтаи ахир даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Русия ба ҳавои сард нигоҳ накарда, ба нишони норизоият аз ҳабси Навалний ва ҳукумату президенти ин кишвар, ки дар фасоди амиқ гунаҳгор мешаванд, ба хиёбонҳо мебароянд. ИМА, Иттиҳоди Аврупо в созмонҳои ҳомии ҳукуқи башар амалҳои ғайриқонунии полиси Русияро маҳкум кардад. Ҳафтаи гузашта фаъолон аз боздошти беш аз 3 ҳазор ва якшанбеи гузашта аз 5 ҳазору 21 нафар хабар доданд. Аз инҳо, 1600 нафарашон дар Маскав боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG