Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Душанбе қарори Додгоҳи олиро тағйир дод. Умаралӣ Саидов ба баҳси пешинаи хона баргашт


Дар акс: Умаралӣ Саидов ва Наботой Расулова
Дар акс: Умаралӣ Саидов ва Наботой Расулова

Хонаи начандон калоне дар шаҳри Душанбе 15 сол боз мавриди баҳсҳои додгоҳист ва поёни ин кашокаш намудор нест. Сабаб дар он аст, ки додгоҳҳои зинаҳои гуногун ҳукме мебароранд, ки ҳукми пешинаро бекор мекунад. Ҳарду тараф худро ҳақ медонанд ва ба зидди ҳукме, ки ба фоидаи онҳо нест, садо баланд мекунанд.

Охирин ҳукм аз Додгоҳи шаҳри Душанбе ва аз моҳи октябри соли гузашта аст. Он ғолиби пешина, Умаралӣ Саидовро аз ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки ба фоидааш буд, маҳрум кард. Бино бар ҳукми пешинаи Додгоҳи олӣ, ҳаққи моликият ба хона аз они Умаралӣ Саидов буд, вале акнун хона ба Наботой Расулова, ҳамсари бародараш, тааллуқ хоҳад дошт.

Ин қазия дар соли 2012 ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ворид шуда, баъди он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе расид. Сипас ба Додгоҳи олӣ рафт ва боз ба Додгоҳи Душанбе баргашту ҳоло аз нав дар баррасии Додгоҳи олӣ қарор дорад.

Умаралӣ Саидов, сокини Душанбе, ки худро соҳиби аслии ин манзил медонад, мегӯяд, дар моҳи августи соли 2019 Додгоҳи олӣ қазияро ба фоидаи ӯ ҳал карда буд, аммо бо сабабҳои барои ӯ норӯшан Додгоҳи Душанбе ба фоидаи Наботой Расулова ҳал кард.

Ӯ иддао дорад, ки мурофиаи охир моҳи октябри соли гузашта бе ҳузураш сурат гирифта, ҳалномаро моҳи декабр тавассути почта гирифтааст. Вай рӯзи 30-юми январ гуфт, “рӯзи 4-уми январ аз рӯйи ҳалномаи Додгоҳи Душанбе ба Додгоҳи Олӣ шикоят кардам ва мунтазири мурофиа ҳастам.”

Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки шикояти Умаралӣ Саидовро гирифтаанд, вале рӯзи мурофиа ҳанӯз мушаххас нашудааст.

То ин дам гирифтани назари Наботой Расулова, тарафи дигари баҳс, ба мо имкон надод. Вале ӯ дар суҳбати қаблӣ дар саҳни Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин хона расман ба номи ӯст ва фарзандонаш дар ҳамин манзил сабт шудаанд.

Расулова мегӯяд, қасд надорад, хонаро холӣ кунад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ 11-уми декабри соли 2017 тақсими мерос анҷом ёфта, хона ба ӯ тааллуқ гирифтааст.

Баръакси ин, Умаралӣ Саидов даъво дорад, ки хонаро соли 1992 аз шаҳрванд Кузнетсов Анатолий Ивановиич харида, бародарашро ба онҷо роҳ дода буд. Бародараш чанд сол пеш фавтидааст ва баҳси манзил аз соли 2006 ба ин тараф идома дорад.

Ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов, ки аз қазия бохабар аст, мегӯяд, Умаралӣ Саидов на ба Додгоҳи олӣ, балки ба Хадамоти иҷро муроҷиат мекард.

Бо ин ҳол, нигоҳҳо ба Додгоҳи олии Тоҷикистон дӯхта шудааст, ки ин дафъа чӣ қароре содир хоҳад кард.

Ҳар сол аҳолии Тоҷикистон меафзояд ва "рақобатҳо" барои макони зист шадидтар мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои Душанбе аз дусад то ҳазор доллар аст ва коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, "фарқ байни замину осмон хоҳад буд" ва зоҳиран ҷанг барои хона ҳам дар пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он бесабаб нест.

XS
SM
MD
LG