Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаккур шунидан хуш аст. Сипосгузории Умаралӣ Саидов аз Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Умаралӣ Саидов
Умаралӣ Саидов

Сокини шаҳри Душанбе Умаралӣ Саидов, ки ахиран бо қарори нави Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳуқуқашро ба манзили аздастдодаи худ барқарор кард, рӯзи 23 май ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омад, то аз нақши ин расона дар ҳалли парвандааш сипосгузорӣ кунад.

Умаралӣ Саидов, ки зимни як муомила бо бародараш аз манзили худ маҳрум гашта буд, пас аз 13 соли мубориза, рӯзи 8 майи соли равон бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ҳаққи моликиятро ба манзили худ ба даст овард.

Додгоҳи олӣ қарори суди пойтахтро дар мавриди баҳси манзил миёни Умаралӣ Саидов, як сокини шаҳри Душанбе бо ҳамсари бародарашро бекор кард. Агар бо оғози ин баҳс вай мегуфт, ки дигар “ба адолат дар Тоҷикистон бовар надорад”, вале ҳоло бо табассум мегӯяд, ки инак “адолат пирӯз шуд”.

Шикояти Саидов ин буд, ки манзили ӯро воқеъ дар кӯчаи Афзалӣ 93-и шаҳри Душанбе ҳамсари бародари марҳуми вай “аз они худ кардааст”.

Аммо Наботой Расулова, ҳамсари бародари Умаралӣ Саидов, ки аз ҳукми ахири додгоҳ нороҳат гашт, ҳозир нашуд оид ба ин баҳс баъди бекор шудани таъйиноти суди пойтахт изҳори назар кунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сипосгузории Умаралӣ Саидов аз Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Умаралӣ Саидов ин манзилро ҳосили заҳматҳои сангини кораш дар Русия меномад. Бар асоси тавофуқ бо бародари марҳумаш он 15-16 соли пеш бо пули аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ирсолкардаи ӯ бародаш ҳавлӣ мехарад, вале баъди марги бародар ҳамсари дуюм ва ғайриқонунии ӯ ин хонаро ҳамчун “мерос” азони худ мекунад. Тавре Умаралӣ Саидов мегӯяд, бародараш Саидалӣ Саидов дар соли 2007 ба хотири пул аз сӯйи афроде, ки бо вай машғули тиҷорат будаанд, кушта шудааст.

13 соли охири умри Саидов барои собит кардани қонунмандии ин хона ва соҳибӣ ба он сипарӣ шудааст.

Саидов мегӯяд зиёда аз 300 бор ба номи президент, 200 мартаба ба Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон, бештар аз 200 бор ба додгоҳи олӣ ва конститутсионӣ муроҷиат карда, 28 дафъа мушкили худро бо Ваколатдори вақти ҳуқуқи инсон Зариф баррасӣ кард, аммо натиҷае ба даст наовард.

«Ман ба журналистҳо ҳам муроҷиат мекардам, менавиштанд, лекин ягон натиҷа набуд. Ман ба Радиои Озодӣ муроҷиат кардам. Онҳо дар ин бора гузориш карданд. Раиси Суди олӣ хонд, парвандаро аз нав дид, адолатро барқарор кард ва ба дасти манд дод. Раҳмат ба Радиои Озодӣ, ки мардумро гӯш мекунад, мардумро мефаҳмад ва ба мардум ёрӣ мекунад. Ҳазор раҳмат!»

XS
SM
MD
LG