Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Мянмар ба нигарониҳои байнулмилалӣ посух дод


Мянмар
Мянмар

Нигарониҳои байнулмилалӣ дар бораи эҳтимоли инки нирӯҳои мусаллаҳи Мянмар баъд аз як даҳаи тақсими қудрат барои пурра ба даст гирифтани он талош дорад, афзудааст. Аммо артиши Мянмар рӯзи 30-юми январ ваъда супурд, ки ба Қонуни Асосии он кишвар эҳтиром мегузорад.

Дар эъломияи расмӣ гуфтаанд, изҳороти раҳбари артиши Мянмар дар мавриди эҳтимоли лағви Қонуни Асосӣ дар шароити хос тафсири нодуруст шудааст.

Беш аз дувоздаҳ сафорат дар Мянмар, бо шумули сафорати Амрико ва Иттиҳоди Аврпуо, рӯзи 29-уми январ аз Мянмар хоста буданд, ба усули демократия пойбанд бошад.

Мянмар ба тадриҷ аз султаи ним қарни ҳокимияти низомӣ берун шудааст.

XS
SM
MD
LG