Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навъи нави коронавирусе аз Африқои Ҷанубӣ дар ИМА ошкор шуд


Дар ин шабурӯз дар кишварҳои пешрафтаи Ғарбу Аврупо эмкунӣ идома дорад
Дар ин шабурӯз дар кишварҳои пешрафтаи Ғарбу Аврупо эмкунӣ идома дорад

Як навъи вогиртари коронавируси нав, ки аввал дар Африқои Ҷанубӣ зуҳур кард, бори аввал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам сабт шудааст. Нигаронӣ ҳам зиёд аст, ки ин навъи вирус ба ваксинаву муолиҷаҳои маъмулӣ бо подтанҳо муқовимат мекунад. Навъи нави вирус ба ду нафар дар аёлати Калифорнияи Ҷанубӣ сироят кардааст, ки ҳеч иртиботе ба ҳам надоштаанд ва ё дар моҳҳои гузашта ба ҷое сафар накардаанд. Ба гуфтаи табибон, чунин тамоюл нишон медиҳад, ки вирус ноаён аз чашми табибон дар байни мардум паҳн мешавад. Вируси нав ҳадди аққал дар 30 кишвар ёфт шудааст.

Бо нашри хабар дар бораи пайдоиши вирус дар Амрико ширкати Novavax эълон кард, ки озмоишҳои ваксинаи офаридааш ба зидди COVID-19 дар Бритониё нишон дод, ки ин ваксина 90 дар сад ба зидди беморӣ коромад аст. Аммо ба гуфтаи ширкат, ваксина ба зидди навъи нави вируси зуҳуркарда дар Африқои Ҷанубӣ фақат 60 дар сад асар мекардааст. Табибон нигаронанд, ки то куҷо ваксинаҳои иҷозатшуда мардумро аз навъҳои нави вирус эмин нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG