Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҳсулоти хайрияро тасарруф кард". Вокуниш ба касе, ки гуфт, "дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест"


Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ду моҳи ҳабси Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб, тафсилоти парвандаи ӯро ошкор кард. Иноятзодаро рӯзи 20-уми ноябри соли гузашта ба 12 сол зиндони низомаш сахт маҳкум карданд, вале ӯ бо норизоятӣ гуфт, "дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест".

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ хабар дод, ки Баҳром Иноятзода "аз 13 кас ришва гирифта, маҳсулоти хайрияро тасарруф кардааст" ва "баръало бо роҳи ҷиноят даромад ба даст овардааст".

Пештар Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон, гуфта буд, шаҳрдори собиқи Кӯлоб барои додани қитъаи замин барои иншооти ҷашнӣ 400 ҳазор сомонӣ "пора" гирифтааст. Вале намояндагони Додситонии кул шарҳ надодаанд, ки манзур аз тасарруфи маҳсулоти хайрия чист. Оё ба тақсими кумакҳои байнулмилалӣ ба осебдидагон аз коронавируси нав рабт дорад ё ҳодисаи дигар аст.

Баръакси он ки Баҳром Иноятзода дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, "барои кори давлатро анҷом додан, иншооти давлатиро сохтан ва шаҳри Кӯлобро обод кардан 12 сол медиҳанд?"

Дар изҳороти Додситонии кул Баҳром Иноятзодаро ҳамчун хидматчии давлатӣ барои дастикам панҷ сол пинҳон кардани даромадҳояш айбдор кардаанд.

Бино бар иттилои расмӣ, ки тасдиқи он феълан аз манобеи мустақил ғайриимкон аст, "Иноятзода барои рӯйпӯш ва пинҳон кардани сарчашмаи ба даст овардани молу мулк дар ҷойи манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, ба беш аз 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ Маркази тиббии хусусӣ сохта, молу амволи ғайриманқул дар кӯчаҳои Н.Қарабоев ва А.Ғуломови Душанбе-ро ба номи шахсони дигар сабт кардааст."

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳукм кардааст, ки молу амволи Баҳром Иноятзода мусодира шуда, худи ӯ баъди озодӣ аз зиндон ба муддати панҷ сол аз гирифтани мансаб маҳрум гардад.

Пайвандони шаҳрдори пешини Кӯлоб аз оғоз гуфтаанд, бо хулосаи тафтишот ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он талош хоҳанд кард. Шаҳрдори пешини Кӯлоб ҳамагуна тасарруфи амвол ва пинҳон кардани дороиҳоро рад карда, пас аз эълони ҳукм ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "агар хонаамро обод мекардам, майлаш буд. Агар пулро аз они худ мекардам, майлаш майлаш буд. Адолати судӣ дар Тоҷикистон нест, нест."

Баҳром Иноятзода, ки дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ кор кардааст, моҳи майи соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуда буд. Ӯро моҳи июни соли гузашта дастгир карданд.

Номи ӯ дар моҳи феврали соли гузашта замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Баҳром Иноятзода аз ҷумлаи ангуштшумор роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аст, ки дар замони сари кор буданаш дастгир мешавад. Ӯро рӯзи боздошташ бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифа барканор карданд.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб дар моҳи ноябри соли 2020 инчунин Хурсандмурод Хуррамов, ронандаи Баҳром Иноятзодаро ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Ёвари пешини ӯ Фирӯз Қурбонов 7 сол ва Хуршед Ашӯрмадов, мудири анбори шаҳрдории Кӯлоб, 7 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Пештар додситон барои Иноятзода чаҳордаҳ сол, Хуррамов нӯҳ сол ва Қурбонов панҷ сол зиндон талаб карда буд.

Шарҳҳоро бинед (23)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG