Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳаст ё не? ВИДЕО


Рӯзи 20-уми ноябри имсол Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб, баъд аз эълони ҳукмаш фарёд кашид, ки"дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест". Ӯро, ки беш аз се даҳсола дар мақомҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст, барои суистифода аз мақом ба 12 сол зиндон маҳкум карданд.

Айни сухан аз забони мардуми одӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бисёр садо додааст, вале мақомот ҳамвора ба будани адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд.

Ин дафъа дар барномаи "Гапи Озод" дар бораи он суҳбат мекунем, ки дар Тоҷикистон адолати судӣ ё додгоҳӣ ҳаст ё не? Меҳмонони барнома додраси собиқ Ватан Абдураҳмонов ва вакили мудофеъ Ҷамшед Ёров ҳастанд. Ҳарду мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфтанд, додгоҳҳои Тоҷикистон мушкилоти зиёд доранд ва адолат замоне таъмин хоҳад шуд, ки ин мушкилот рафъ шаванд.

Ватан Абдураҳмонов:

"Дар ҳақиқат, ҳоло судяҳое, ки дар зинаи якум кор мекунанд, пеш аз ҳукм баровардан дар мавриди бисёр парвандаҳои шаҳрвандӣ, рафтаву бо судяҳои зинаи болоӣ маслиҳат мекунанд. Ин қонуншиканӣ ҳаст. Судяе, ки бо фармони президент таъйин шуд, набояд парвандаеро, ки дар баррасӣ дорад, бо касе маслиҳат кунад. Аз ман илтимосу дархостҳо бисёр буд, вале бар асоси қонун ҳукму ҳалнома баровардам."

Ҷамшед Ёров:

"Адолати судӣ, ба фикри ман, фақат ва бисёртар дар баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ дида мешавад, вале дар баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ метавонем бигӯем, ки адолати судӣ умуман нест. Вақте додрасҳо аз тарафи ҳокимияти иҷроия ва аз тарафи раиси як ҳизб таъйин ё аз кор гирифта мешаванд, дар бораи кадом мустақилӣ метавон суҳбат кард?"

Аз суҳбати роҳгузарон:

"Ноҳаққиҳо ҳам ҳаст, адолат ҳам ҳаст. Номаъқулиҳо ҳам ҳаст, ки мардум пулро мегиранд, фиреб медиҳанд ва зиндонӣ мешаванд."

"Бисёриҳо бегуноҳ зиндонӣ шудаанд. Ман медонам, мумкин як чил фоизи зонаи 7-ум беасос нишаста (зиндонӣ) бошанд. Инро ман сад фоиз медонам, барои онки аз сари худам гузаштааст."

Барномаи комилро инҷо бубинед ва шумо ҳам бигӯед, ки оё дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ ҳаст ё не? Додрасҳо одилона ҳукм содир мекунанд ва беадолатӣ ҳам вуҷуд дорад? Поварақи ин гузориш махсус барои назару ақидаҳои шумост.

Гапи Озод: Дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ ҳаст ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:21:04 0:00

Барномаро дар Ютуб тамошо кунед:

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG