Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Додгоҳи ноҳияи Айниро барои "кирдораш" барканор кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шараф Турсунзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Айниро, ки ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш ба ин мақом таъйин шуда буд, барканор кардаанд.

Дар фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июн сабаби чунин тасмим кирдоре гуфта шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Тафсилоти аз ин бештар дар даст нест.

Турсунзода то моҳи феврали имсол ба ҳайси додраси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ кор мекард ва чаҳор моҳ пеш масъули додгоҳ таъйин шуд.

Ҳафтае пеш раиси Додгоҳи шаҳри Ҳисор Зайдулло Собирзода низ бо айни иттиҳом аз мансабаш барканор гардид.

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд.

Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.

Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Феълан дар Тоҷикистон 450 додрас кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG