Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси собиқи Кӯлоб пас аз эълони ҳукмаш гуфт, "дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест" САДО, ВИДЕО


Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлобро ба 12 сол зиндон маҳкум карданд
Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлобро ба 12 сол зиндон маҳкум карданд

Раиси собиқи шаҳри Кӯлоб баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест".

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб рӯзи 20-уми ноябр Баҳром Иноятзодаро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба суистифода аз мансаб ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд.

Баҳром Иноятзода дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ гуфт: "О, барои кори давлатро анҷом додан, иншооти давлатиро сохтан, Кӯлобро обод кардан 12 сол медиҳанд? Агар хонаамро обод мекардам, майлаш буд. Агар пулро аз они худ мекардам, майлаш буд. Адолати судӣ дар Тоҷикистон нест, нест."

Садоро дар инҷо бишнавед:

Баҳром Иноятзода гуфт, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00
Линки мустақим

Баръакси ин, додраси парванда ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ки иттиҳомҳои қаблан эълоншуда ба зидди Иноятзода тасдиқи худро ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони шаҳрдори пешини Кӯлоб гуфтанд, ки ӯ 37 сол умри худро сарфи корҳои давлат кардааст ва "додгоҳ бояд инро ба назар мегирифт". Дилором Самиева, ҳамсари Баҳром Иноятзода, гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он талош хоҳанд кард.

"Ин ҳукм беадолатона аст. Якуним моҳ боз мурофиа ҷараён дошт. Гуноҳеро, ки ба гарданаш мондаанд, тасдиқи худро наёфт. Ҳоло аз рӯйи ҳукм шикоят мебарем, зеро беасос маҳкум карданд", -- афзуд ӯ.

Намояндаи додгоҳ гуфт, ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва норозиён метавонанд барои бознигарии он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб ба 12 сол зиндон маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Баҳром Иноятзода, ки моҳи июни имсол аз ҷониби маъмурони амниятӣ боздошт шуд, бар асоси шаш моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин муттаҳам буд.

Ӯ дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ кор кардааст. Моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуда буд.

Номи Иноятзода дар моҳи феврали имсол, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Баҳром Иноятзода аз камтарин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аст, ки дар замони сари кор буданаш дастгир мешавад. Ӯро рӯзи боздошташ бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифа барканор карданд.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб инчунин Хурсандмурод Хуррамов, ронандаи Баҳром Иноятзодаро ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Ёвари пешини ӯ Фирӯз Қурбонов 7 сол ва Хуршед Ашӯрмадов, мудири анбори шаҳрдории Кӯлоб, 7 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Пештар додситон барои Иноятзода чаҳордаҳ сол, Хуррамов нӯҳ сол ва Қурбонов панҷ сол зиндон талаб карда буд.

XS
SM
MD
LG