Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон барои шаҳрдори собиқи Кӯлоб 14 соли зиндон талаб кард


Баҳром Иноятзода
Баҳром Иноятзода

Додситонии минтақаи Кӯлоб аз додгоҳ хостааст, Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлобро ба 14 соли зиндон маҳкум кунад. Изатулло Табарзода, раиси Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиа рӯзи 12-уми ноябр баргузор шуд.

Ҳамчунин додситон ба Хурсанд Хуррамов, ронандаи собиқи раиси Кӯлоб 9 сол ва ба Фирӯз Қурбонов, ёрдамчии ӯ 5 соли зиндон талаб кардааст.

Баҳром Иноятзода, ки моҳи июни имсол аз ҷониби маъмурони КДАМ боздошт шуд, бар асоси моддаҳои

  • суистифода аз ваколатҳои мансабӣ
  • гирифтани пора дар ҳаҷми бузург
  • аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда
  • қаллобӣ
  • ғайриқонунӣ додани қитъаи замин
  • қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада

гумонбар аст.

Манбаъ гуфт, додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафтааст ва қарори ниҳоиро ҳафтаҳои оянда содир хоҳад кард.

Муҳаббат Иззатова, хоҳари ӯ қаблан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, бародараш ҳеч як аз ин иттиҳомро дар мурофиаи додгоҳӣ қабул накард ва гуфт, ки бегуноҳ аст.

Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки Баҳром Иноятзода барои "маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин" ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Баҳром Иноятзода дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Иноятзода аз камтарин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аст, ки дар замони сари кор буданаш дастгир мешавад. Ӯро рӯзи боздошташ бо фаромони президенти Тоҷикистон аз вазифа барканор карданд.

XS
SM
MD
LG