Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо ба изҳороти раиси Истаравшан дар бораи масҷидҳо. ВИДЕО


Баҳром Иноятзода

Изҳороти раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар мавриди онки "ҳар касе ба масҷид рафт, аз онҷо солим берун намеояд", тайи як ҳафтаи охир бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст. Баҳром Иноятзода ин гапҳоро охири ҳафтаи гузашта дар посух ба суоли онки чаро сафи тундгароён дар минтақа рӯ ба афзоиш аст, ба забон овард.

Ӯ гуфт, аксари ҷавонони бекор ба масҷид мераванд ва дар онҷо ба ақидаҳои ифротӣ мегараванд. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир тамоми масҷидҳо дар Тоҷикистон таҳти назорати шадиди мақомот буда, имом-хатибон низ аз тарафи Кумитаи дин таъйин мешаванд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки дар ин бора чӣ назар доранд? Ҷавобҳоро дар ин навори видео бубинед ва фикри худро дар зери матлаб бинависед.

Вокунишҳо ба изҳороти раиси Истаравшан дар бораи масҷидҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG