Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб ба 12 сол зиндон маҳкум шуд


Баҳром Иноятзода

Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлобро ба 12 сол зиндон маҳкум карданд. Ҳукм 20-уми ноябр содир шуд. Дар мурофиаи қабл аз ахир намояндаи додситонӣ барои Иноятзода 14 соли зиндон талаб карда буд.

Баҳром Иноятзода, ки моҳи июни имсол аз ҷониби маъмурони КДАМ боздошт шуд, бар асоси моддаҳои

  • суистифода аз ваколатҳои мансабӣ
  • гирифтани пора дар ҳаҷми бузург
  • аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда
  • қаллобӣ
  • ғайриқонунӣ додани қитъаи замин
  • қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада

айбдор шудааст.

Муҳаббат Иззатова, хоҳари ӯ қаблан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, бародараш ҳеч як аз ин иттиҳомро дар мурофиаи додгоҳӣ қабул накард ва гуфт, ки бегуноҳ аст.

Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки Баҳром Иноятзода барои "маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин" ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Баҳром Иноятзода дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Иноятзода аз камтарин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аст, ки дар замони сари кор буданаш дастгир мешавад. Ӯро рӯзи боздошташ бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифа барканор карданд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG