Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо сомонӣ қарзи ширкати писари Бег Сабур аз андоз. Мақомот талаб доранд. ВИДЕО, САДО


Мақомоти Кӯлоб гуфтанд, ки ширкати сохтмонии "Комил 2010" дар ин шаҳр беш аз 4 миллион сомонӣ (тақрибан 400 ҳазор доллар) андози напардохта дорад. Ширкат ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, мутааллиқ аст. Намояндагони "Комил 2010" дар суҳбати кӯтоҳ қарздорӣ аз идораи андози Кӯлобро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, "ҷойи нигаронӣ нест, пулро медиҳанд". Ин ширкат дар Душанбе ва шаҳри Кӯлоб чанд бинои маъмурӣ ва истиқоматӣ месозад.

Баҳром Иноятзода, шаҳрдори Кӯлоб, рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ба идораи андоз дастур додааст, биноҳои мутааллиқ ба писари Бег Сабурро банданд. Ӯ афзуд, ба шабакаҳои барқу идораи об ҳам гуфтаанд, интиқоли гармиву рӯшноӣ ва обро ба ин биноҳо қатъ кунанд ва ба истилоҳ роҳи нафаскашиашро маҳкам кунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Изҳороти раиси Кӯлоб дар бораи қарзҳои ширкати писари Бег Сабур
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Баҳром Иноятзода
Баҳром Иноятзода

Бег Сабур зиёда аз чаҳор миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст ва ягон зарра пулро намедиҳад. Супориш додем, ки чораҳои таъхирнопазирро андешанд. Дигар ин тавр намешавад. Дар Душанбе бинед, нисбат ба ӯ чӣ кор карданд. Тамоми сохтмонҳояшро манъ карданд. Мо низ ҳамин тавр мекунем. Бас аст. Як Хоҷа Аҳрори Валӣ пайдо шудааст," -- гуфт шаҳрдори Кӯлоб дар нишасти хабарӣ.

Намояндагони ширкати сохтмонии "Комил-2010" дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфтанд, қарзашонро пардохт мекунанд, аммо ҷузъиёти дигар надоданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе ду дафъа талош карданд, ки дар Хадамоти алоқа бо Бег Сабур дар ин бора суҳбат кунанд ва сабаби қарзҳои ҷамъшударо бипурсанд, аммо қабул накард.

Баҳром Иноятзода, раиси Кӯлоб, дар бораи қарзи ширкатҳои Бег Сабур
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00
Линки мустақим

Аммо ӯ дар суҳбати моҳи марти соли 2019 бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки қарзи ниҳоди зери раҳбариаш ҳудуди як миллион сомонӣ буда, "қарзи ҷорӣ" аст ва давра ба давра пардохт мешавад. ​"Ҳудуди даҳ рӯз дар Кӯлоб будам. Агар идораи андоз ҳам ба дари мо муҳр мезад, ин корро метавонист. Аммо ин ҳама асос надорад. Мо ҳар моҳ андозро месупорем, мушкил ҷой надорад," -- гуфта буд Бег Сабур.

Шаҳрдори Кӯлоб гуфт, нисбат ба Бег Сабур ҳама чораҳоро андешидаанд, то бо хоҳиши худ қарзро супорад, вагарна "дигар василаҳоро ба кор хоҳанд бурд".

Ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон низ ба ширкати "Комил-2010" ҳушдор дод, ки камбудҳоро дар сохтмонҳояш ислоҳ кунад, вагарна дар муддати кӯтоҳ литсензия ё иҷозатномаи фаъолияти он бозпас гирифта мешавад.

Интиқоди мақомоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бештар сари биноҳои баландошёнаи маҳаллаи "Зарафшон"-и пойтахт ва ду бинои дигар дар Кӯлоб буд.

Видео аз бойгонии Озодӣ:

Мӯҳлат ба ширкати наздикони Бег Сабур барои ислоҳи камбудиҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Корхонаи "Хишт", фабрикаи либос ва пояфзол, маҷмааи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, чаҳор бинои истиқомтӣ, меҳмонхона дар паҳлӯи боғи ба номи Мирсаид Алӣ Ҳамадонӣ ва меҳмонхонаи “Чинор”-ро дар шаҳри Кӯлоб ба Бег Сабур ва пайвандонаш нисбат медиҳанд. Аммо тасдиқи он аз манобеи расмӣ дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.

Бег Сабур
Бег Сабур

Бег Сабур яке аз мансабдороне аст, ки дар баробари кори давлат ба тиҷорат машғул аст ва ҳамин мавзуъ мояи интиқоди ӯ мебошад.

Дар як таҳқиқоти журналистӣ, ки аввали моҳи марти соли гузашта дар "Cabar" (як бахши Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ) чоп шуд, хабарнигор Ё.Ҳалимов навишта буд, Бег Сабур бештари вақти худро на бо корҳои Хадамоти алоқа, балки бо сохтмону тиҷорат мегузаронад. Аммо худи ӯ мегӯяд, машғул шудан ба тиҷорати хона барои паст кардани "шиддати иҷтимоӣ ба бехонаҳо" дар кишвар аст.

Бег Сабур (Зуҳуров) соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъйин шуд ва аз он замон то кунун раёсати ин ниҳодро бар дӯш дорад. Номи ӯ чанд дафъа бо ҳодисаҳои муҳими кишвар дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ҳангоми ҳодисаҳои соли 2012 дар Бадахшон, ки дастрасӣ ба телефону интернет дар онҷо қатъ шуд ва ӯ гуфт, "як тир тамоми алоқа бо вилоятро канд".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (33)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG