Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлат ба ширкати наздикони Бег Сабур. "Комил-2010" ҳар гуна камбудро рад мекунад. ВИДЕО


Мақомоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯянд, ки агар ширкати "Комил-2010" камбудҳо дар сохтмонҳояшро ислоҳ накунад, дар муддати кӯтоҳ литсензия ё муҷаввизи фаъолияти он бозпас гирифта мешавад. Масъулони ин ширкат ҳама гуна камбуд дар сохтмонҳои худро радд мекунанд. Ширкати сохтмонии "Комил-2010" ба Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон марбут аст.

Вуҷуди камбуд дар сохтмонҳои ширкати "Комил-2010" рӯзи 31-уми январ зимни нишасти хабарӣ аз забони Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон садо дод. Интиқоди мақомоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бештар сари биноҳои баландошёнаи маҳаллаи "Зарафшон"-и пойтахт ва ду бинои дигар дар Кӯлоб cурат гирифт, ки ба ширкати "Комил-2010" марбут мебошанд. Бархе аз муштариёни ин ширкат, ки нахостанд номашон бурда шавад, аз суръати кунди сохтмони баъзе манзилҳо ва сифати он шикоят намудаанд.

Рӯзи 31-уми январ Абдураҳмон Ашуралиев, бригадири сохтмони биноҳои "Комил-2010" дар маҳаллаи "Зарафшон" ба Радиои Озодӣ ҷой доштани камбудиҳоро дар ин иншоот рад намуда, таъкид кард, ки "сохтмон идома дорад ва ҳеҷ камбудие нест".

Мӯҳлат ба ширкати наздикони Бег Сабур барои ислоҳи камбудиҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Аммо раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ гуфт, аз камбудиҳо шаҳрдории Душанбе ва Додситонии куллро дар ҷараён гузоштаанд ва умедворанд "Комил-2010" рӯзҳои наздик камбудиҳои худро ислоҳ мекунад.

"Иҷозатномаи онро гирифтан лозим шавад, ба тариқи судӣ ҳал мекунем, мактубҳоро ба мақомотҳои судиву раиси шаҳри Душанбе навиштем, гуфтем, агар камбудиҳо ислоҳ нашаванд, дар муддати кӯтоҳ мо ин масъаларо дида мебароем ва иҷозатномаашонро мегирем".

Раҳматулло Табарзода, сардори Хадамоти назорати сохтмони Кумитаи меъморӣ дар шарҳи ин масъала гуфт, камбудиҳо на танҳо дар иншоотҳои дар Душанбе будаи "Комил-2010", балки дар шаҳри Кӯлоб низ баъзе камбудиҳои иншоотҳои марбут ба ин ширкатро ошкор намудаанд.

Ӯ таъкид намуд, ки оғоз кардани сохтмон бидуни ташхиси давлатӣ ва низ берун аз тарҳ бунёд кардани ошёнаҳо, аз ҷумлаи камбудҳо дар фаъолияти ширкати "Комил-2010" мебошанд. Табарзода афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба камбудиҳои ошкорнамуда, сохтмони чанде аз биноҳои "Камол-2010"-ро боздоштаанд.

"Дар натиҷаи чораҷӯиҳое, ки анҷом додем, сохтмони ду объекти ин ширкат дар Душанбе боздошта шуд. Ин як бинои бисёрошёна дар "Зарафшон" ва бинои баландошёнаи дигар дар хиёбони "Рӯдакӣ"-и пойтахт мебошад. Дар шаҳри Кӯлоб низ як сохтмони иншооташро манъ кардем ва нисбати як объекти дигараш ба прокуратура ва раиси шаҳри Кӯлоб мактуб ирсол намудем".

Рӯзи 31-уми январ ҳини боздид аз биноҳои "Комил-2010" дар маҳаллаи "Зарафшон"-и пойтахт ба мушоҳида расид, ки корҳои сохтмонӣ на дар ҳамаи қисматҳои бинои бузургӣ 20-ошёнаи ширкат идома дорад.

Абдураҳмон Ашуралиев, ки худро намояндаи раиси ширкат ва бригадири сохтмончиёни ин бино муаррифӣ намуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қисматҳое, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ дида намешавад, аллакай корҳо ба анҷом расидааст. Ӯ афзуд, дар сохтмон таҷрибаи зиёди корӣ дорад ва дар сохтмони манзилҳои "Комил-2010" ягон камбудиро намебинад. "Се гурӯҳи калони сохтмончиён ҳоло кор мекунанд, ба муштариён кафолат намедиҳем, вале дар маҷмӯъ кӯшиш мекунем, ки то моҳи сентябр манзилҳоро ба истифода диҳем".

Сохтмони бузурги манзилҳо аз тарафи ширкати "Комил-2010" дар маҳаллаи “Зарафшон”-и пойтахт яке аз тиҷоратҳои Бег Сабур ва хонаводааш гуфта мешавад. Бег Сабур яке аз мансабдороне аст, ки дар баробари кори давлат ба тиҷорат машғул аст ва ҳамин мавзӯъ мояи интиқоди ӯ мебошад. Ӯ дар яке сӯҳбатҳои қаблияш ба Радиои Озодӣ, як сабаби ба кундӣ пеш рафтани ин сохтмонҳоро ба ворид кардани кранҳои борбардори пурқудрат рабт дод ва он замон таъкид намуда буд, ки рӯзҳои наздик аз Чин ворид мешавад.

Дар як таҳқиқоти журналистӣ, ки аввали моҳи марти имсол дар "Cabar" (як бахши Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ) чоп шуд, хабарнигор Ё.Ҳалимов навишта буд, Бег Сабур бештари вақти худро на бо корҳои Хадамоти алоқа, балки бо сохтмону тиҷорат мегузаронад. Аммо худи ӯ мегӯяд, машғул шудан ба тиҷорати хона барои паст кардани "шиддати иҷтимоӣ ба бехонаҳо" дар кишвар аст.

Бег Сабур (Зуҳуров) соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъйин шуд ва аз он замон то кунун раёсати ин ниҳодро бар дӯш дорад. Номи ӯ чанд дафъа бо ҳодисаҳои муҳими кишвар дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ҳангоми ҳодисаҳои соли 2012 дар Бадахшон, ки дастрасӣ ба телефону интернет дар онҷо қатъ шуд ва ӯ гуфт, "як тир тамоми алоқа бо вилоятро канд".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG