Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза бо фасод дар Тоҷикистон: устура ё воқеият?


Баъд аз интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳодҳои молӣ ва даст доштани баъзе кормандон дар ришвахорӣ, дар кишвар мавзӯи мубориза бо фасод дубора сари забонҳо шуд. Мақомот мегӯянд, чораҳои лозимро меандешанд, вале коршиносон дар мавриди муборизаи муваффақонаи мақомот бо шубҳа менигаранд.

Як талоши дигар?

Бо гузашти шаш рӯз аз баргузории мулоқоти 10-уми май бо кормандони бахши молия, андоз ва гумруки Тоҷикистон, ки дар он раисҷумҳур ин ниҳодҳоро танқид кард ва баъзе аз мавридҳои дуздӣ аз сӯи кормандонро иброз дошт, баъзе тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ба ҷуз ин, тавре хадамоти матбуоти президент хабар дод, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва муовинонаш – Ҷамолиддин Нуралиев, Ҳамидулло Машрабзода ва Лола Салимзода ва раиси Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода бо се муовинаш барои "ба таври далхдор иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ ва мансабӣ" танбеҳ гирифтанд.

Ҷамшед нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ
Ҷамшед нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ

Ҳангоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазири адлия Рустам Шоҳмурод ва додситони кул Юсуф Раҳмон хост, дар Кодекси ҷиноӣ тағйироте ворид кунанд, ки мансабдорони олуда ба фасод натавонанд аз ҷавобгарӣ фирор кунанд.

“На танҳо соҳибони моликият, балки кормандони андоз ва хадамоти гумрук ҳам бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Иштибоҳ содир кард, дарҳол бояд аз система берун карда шавад, то дигар натавонад дар ин соҳа кор кунад. То дар ҳеч куҷои дигар ба хидмати давлатӣ қабул карда нашавад”, --таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷомеа ва доираҳои коршиносон изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистонро духӯра пазируфтанд. Қисме бо хушнудӣ ҳадафҳои баъдии раисҷумҳурро барои мубориза бо фасод дар низоми мудирияти давлатӣ пазируфтанд, бархе дигар дар ин талошҳо имиҷсозиро бо наздик шудани интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ дидаанд.

Набуди рушд

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук

​Дар ҳар сурат, ин нахустин изҳороти раисҷумҳур дар мавриди огоҳ буданаш аз вазъи корҳо дар кишвар нест. Аммо тавре таҷрибаи радабандиҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, Тоҷикистон ҳамчунон мақоми бисёр бади худро ҳифз кардааст.

Дар Шохис (индекс)-и пазириши фасод, ки ҳамсола созмони Transparency International таҳия мекунад, дар соли 2019 Тоҷикистон дар миёни 180 кишвар дар мақоми 152-юм аст ва дар як қатор бо Никарагуа, Мадагаскар, Камерун ва Озорбойҷон. Ҳарчанд дар ин росто ҷумҳурӣ бар асоси 9 банд мақоми худро беҳтар кардааст, дар пасманзари интиқодҳои шадиди президент фаҳмида мешавад, ки вазъ тағйироти зиёде надоштааст.

Дар робита ба ин суоли мантиқие ба вуҷуд меояд, ки оё имкон дорад дар Тоҷикистон ба фасод пирӯз шуд ва оё равишҳои махсуси фарогири мубориза бо фасод вуҷуд доранд?

“Ҷазо ва пешигирӣ – муассиртарин иқдомот”

Максим Костетский, коршиноси созмони Transparency International, рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, таҷрибаи фарогиртари байналмилалӣ дар бахши мубориза бо фасод дар ҳоли ҳозир пешгирии ҷиноят ва ҷазо барои содир кардани он мебошанд.

“Пешгирӣ маънои кори доимӣ бо мардумро дорад ва муҷозот шомили системаи коромади ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳӣ аст, ки тавонмандии эҷоди фазои эътимод ва кафолати мустақилияти худро доранд”, -- мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, эҷоди низоми сабтиноми эъломияҳои электронӣ низ метавонанд яке аз равишҳои муассир бошанд, “агар дар онҳо тамоми муомилоти амволии мансабдорро дар давоми сол нишон медиҳад ва таъйин мекунад, ки оё онҳо таҳти кодекси ҷиноятии кишвари марбута қарор мегиранд ё не.”

“Агар низоми гузоришдиҳӣ ва шаффофият дуруст кор кунад, алакай ҳамин имкон медиҳад шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба фасодро поин овард”, -- бовар дорад ҳамсуҳбати мо.

Чораҳои андешидашуда

Дар ҳамин ҳол, намешавад гуфт, ки дар солҳои гузашта мақомоти тоҷик барои мубориза бо фасод талошҳое накарданд. Соли 2007 бо мақсади муқовимат бо фасод дар Тоҷикистон Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод таъсис дода шуд. Моҳи августи соли 2013 Стратегияи муқовимат бо фасод барои солҳои 2013-2020-ро қабул карданд. Ин барнома поин бурдани сатҳи фасод дар кишвар, бартараф кардани монеаҳо, эҷоди шароит барои рушди иқтисод, рушди арзишҳои демократӣ, ва болои бурдани рифоҳи мардумро ҳадаф қарор додааст.

Ба ҷуз ин, стратегия такмили мудирияти давлатӣ, механизми таҳлили рискҳои фасод дар бахшҳои гуногун, ҳукумати электронӣ, дастрасӣ ба иттилоъ ва чораҳои дигареро дар бар мегирифт, ки аз рӯйи баҳогузории нозирони байналмилалӣ ҳаргиз амалӣ нашуданд.

Бинобар ин, дар гузориши нашрнамудаи OECD “Ислоҳоти зиддифасод дар Тоҷикистон” дар соли 2017 иҷрои стратегия мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.

Аз ҷумла, дар ин санад ба заиф будани комиссияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсатгузориҳои зидди фасод таъкид шудааст. Коршиносон ҳамчунин гуфтаанд, эъломияи моликияти хидматчиёни давлатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо танҳо ба хидматчиёни маъмурӣ дахл карда, хидматчиёни сиёсиро фаро нагирифтааст.

Интиқодҳо ҳамчунин дар мавриди ҳокимияти ношафоффи додгоҳӣ, набуди дастрасии комил ба иттилоъ, қонунгузории ҷиноӣ ва бахшҳои дигари старатегияи мубориза бо фасод сурат гирифта буданд.

Оҷонсии ҷанҷолӣ

Худи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар соли 2017 объекти расвоии бузурге буд, ки он замон 17 корманди ин ниҳод барои сӯистифода аз мақом зиндонӣ ва 40 нафар бо гумони даст доштан боздошт шуданд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси зиддифасод
Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси зиддифасод

Он замон коршиносон гуфта буданд, ки фаъолияти ин оҷонсӣ барои васеъ шудани доираи фасод бештар муосидат мекунад ва худи Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ барҳам додани ин ниҳодро таъкид кард.

“Хонаи вайроншуда таъмир намешавад”

Интиқоди навбатии Эмомалӣ Раҳмон ва фош кардани далелҳои марбут ба фасод ба гуфти коршиноси тоҷик Абдуманнон Шералиев сабаби муқовимат бо фасод ва аз байн бурдани он нахоҳад шуд.

“Иқдомҳои аҳёнии ҳукумат дар ин ҷода, ки дар асл намоишист, ба он мемонад, ки ба хонаи сақфу деворҳояш, ҳатто пойдевораш фурӯрафтаистода як тирезаи нав часпонед ва эълон кунед, дар садади таъмири хона ҳастед. Дар ҳоле ки ҳеҷ навъ таъмире дигар кумак намекунад. Хона бояд бозсозӣ шавад”, -- мегӯяд Шералиев. Ба гуфтаи вай, ҳатто бо пурра иваз кардани кабина ин кор имконнопазир аст ва барои беҳбуди системаи нави мудирияти давлатӣ лозим аст.

Дар солҳои гуногун коршиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳукумат талаб карда буданд, ки таҷрибаи кишварҳои ғарбӣ ва давлатҳои ҷанубу шарқи Осиёро, ки дар ин росто натиҷаҳои хубе ба бор овардаанд, биомӯзад.

“Низомҳои авторитарӣ ва фасод”

Доктори улуми сиёсӣ Станислав Шкел мегӯяд, сарфи назар аз ҳама гуна хоҳиши сардори давлат барои решакан кардани фасод, худи мантиқи амаларди режимҳои авторитарӣ маҳдудиятҳои айнӣ барои ин амр эҷод мекунад.

“Дар режимҳои авторитарӣ устуворӣ аз одамони наздик, ки ба таври ғайримустақим суботи режимро эҷод ва мудирият мекунанд, вобаста аст. Ҷойе, ки назорати демократии қудрат вуҷуд надорад, барои ҳукумрон на салоҳият, балки вафодорӣ муҳим аст. Ин маънои онро дорад, ки мудир то замоне вафодор аст, ки кадом фоидае ба даст меоварад. Ва фоида дар хидмати давлатӣ аксаран аз ҳисоби фасод ба даст меояд. Ин ба он маъност, ки пешвои авторитар ҳам аз зертобеонаш вобаста мешавад. Барои он ки ин вафодорӣ ҳифз шавад, зарур мешавад, ки бештари вақт ба фасодкориҳо чашм бипӯшӣ”,- мегӯяд Шкел.

Ба қавли ӯ, нақшаҳои фасод ба пешвои авторитар ёрӣ медиҳанд, то элитаро аз ҳисоби “компромат” мудирият ва фаъолияти онҳоро назорат намояд.

​Ӯ афзуд: “Дар демократия мубориза бо фасод осонтар аст. Вақте мардум ва интихоботҳо нақши ҳалкунандае дар ҳифзи қудрат доранд, ҳама гуна президент манфиатдор аст, ӯро аксарият пуштибонӣ кунанд. Он вақт ҳифзи қудрат дигар масъалаи хӯронидани доираи маҳдуди нухбагон нест, балки эҷоди кадом як рифоҳ барои мардуми бештаре аст, ки онро наметавон бидуни шикасти фасод эҷод кард.”

Бояд гуфт, ки бештари наздикони Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба инҳисор кардани бахшҳои сердаромади иқтисоди Тоҷикистон муттаҳам карда шудаанд. Миёни чеҳраҳои маъруфтарине, ки дар гузоришҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хориҷӣ ҷилва мекунанд, мешавад додарарӯси раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода, қудояш Бег Сабур, домодаш Шамсулло Соҳибов ва бисёре аз хешони дури дигарашро ном бурд.

“Мо даст дар ҷайб нанишастаем”

Дар ҳамин ҳол дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё иқдомоте баъди интиқоди раисҷумҳур сурат мегирад, гуфтанд, мо дастҳо дар ҷайб нанишастаем. Ба қавли онҳо, “алакай ҷаласаи назоратӣ доир карда шуд ва нисбат ба танқидшудаҳо, агар гуноҳашон собит шавад, чора андешида мешавад.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG