Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: Боздошти "бегонаҳо" кофӣ нест, "худиҳо" ҳам дастгир шаванд. ВИДЕО


Муаллим, устоди донишгоҳ, духтур, заминсоз, раиси ҷамоат ва ё корманди комиссарияти ҳарбӣ -- дар тури кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бештар кормандони ҳамин касбу корҳо меафтанд.

Оҷонсӣ сари чанд вақт наворҳои фаврии худро низ дар телевизионҳои давлатӣ ба намоиш мегузорад, ки чӣ тавр омӯзгор ва ё, корманди ҷамоат барои анҷом додани кори корафтодае ришват хостааст ва ҳангоми додани пора, кормандони фаврӣ вориди утоқ мешаванд ва ришваситонҳоро бо далелҳои шайъӣ боздошт мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, танҳо бо ҳабсу зиндон кардани мансабдорон ришвахорӣ решакан намешавад ва корҳоеро барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум бояд анҷом дод.

Намоиши саҳнаҳое мисли паҳлӯи ҳам чидани сомонӣ ва ё долларҳое, ки ба ҳайси пора хоста шудаанд, ба пиндори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар зеҳни бинанда эҳсоси муборизаи беамон бар зидди ришватхориро бояд ба вуҷуд оранд.

Аммо ба андешаи муаллифони пажӯҳише таҳти унвони "Коррупсия дар Тоҷикистон: назари ҷомеа", шикори чунин "моҳичаҳо" устувонаи коррупсияву ришвахориро шикаста наметавонад.

Роҳҳои шикасти фарҳани ришвахорӣ кадом аст?

Муаллифони ин гузориш менависанд, "таҷриба нишон медиҳад, ки барои шикастани фарҳанги порахӯрӣ доштани моҳиҳои калон ва ё "наҳанг"-ҳо зарур аст. Ришвахорони калон бояд ёфт ва ҷазо дода шаванд, то ҷомеи шаҳрвандӣ, ки ба муборизаи ҷиддӣ бо коррупсия бовар надорад, ба ҳарфи хушку холӣ набудани мубориза бо коррупсия бовар кунад".

"Ҳама дар дасти худашон, барои ҳамин боздошт намекунанд"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:41 0:00

Аммо масъулони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, дар доираи қонун фаъолият доранд ва дар сурати шикоят ворид шудан аз сӯи шаҳрвандон дар робита ба ришваситонии мансабдоре, порахӯрро ба ҷазои худ мерасонанд.

Арастулло Ибодуллозода, масъули робита бо ҷомеаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 24- уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ангентӣ мувофиқи қонун дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар нисбате касе шикоят ворид шуд, новобаста аз он, ки дар кадом мансаб кор мекунад, фарқ надорад, ба ҷавобгарӣ мекашонанд. Ин гуна шахсон дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт".

Оё бархӯрди матбуот дар бораи коррупсия якҷониба аст?

Алиакбар Абдуллоев, роҳбари созмони ҷамъияти "Ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ"
Алиакбар Абдуллоев, роҳбари созмони ҷамъияти "Ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ"

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, борҳо аз саҳифаҳои матбуот дар мавриди шикори ба истилоҳ "моҳичаҳо ва беҷуръатӣ дар нисбати "наҳанг"-ҳо кинояҳоро мехонанд, аммо бо ин гуна айбномаҳо дар нисбати худ розӣ нестанд.

Алиакбар Абдуллоев, роҳбари созмони ҷамъияти "Ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ" мегӯяд, воқеан бархӯрди матбуот дар робита ба мубориза бо коррупсия дар матбуоти мустақили Тоҷикистон гоҳо якҷониба ва ғайриодилона аст.

Ӯ гуфт: "Агар кормандони агентӣ ришвахӯрии мансабдори калонеро фош кунанд ва дар ин бора ба президент, ҳукумат ва ё роҳбарони сатҳи болои худ хабар диҳанд, ин гуна шахсон ҳатман боздошт мешаванд. Чаро намешудаст? Шуд, ку, чандин мансабдори баландпояро боздошт карданд, аз ҷумла муовини собиқи худи ҳамин агентии мубориза бо коррупсияро. Мо набояд инҳоро фаромӯш кунем ва журналистон набояд якҷониба ин масъларо баррасӣ кунанд".

Абдуллоев гуфт, мубориза бо коррупсия танҳо аз боздошту ба солҳои тӯлонӣ ҳабс кардан ибора нест, балки мақомот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолон ба пешгирии ин падида низ бояд машғул бошанд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.

Дар ҳоле ки мақомот аз азми қави дар мубориза бо коррупсия ҳарф мезананд, сокинон мегӯянд, ришвахориву тамаъҷӯии мансабдорон рӯзгори онҳоро табоҳ кардааст. Шикоятҳои сокинон бештар аз тамаъҷӯии мансабдорон ҳангоми тақсимоти замин барои бунёди хона ва кишоварзӣ, зиёд ба гӯш мерасад.

Созмони ҳамкориҳои иқтисод ва рушд (OCED) ҳам дар гузориши охирини худ дар робита ба мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон менависад, "хавфи аз ҳама зиёди ришватхорӣ дар ҷараёни тақсимоти порчаҳои замин вуҷуд дорад".

Як намунаи тамаъҷӯии мансабдорон

Дӯстмурод Ғафурҷонов, як сокини ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт мегӯяд, тамаъҷӯии мансабдорони идораи замини ноҳия боис шудааст, ки онҳо солҳо дар як хона 13 нафар зиндагӣ кунанд ва натавонанд дар порчаи замине, ки ҳуҷҷаташро доранд, хона созанд.

"Мақомот ба мо гуфтанд, порчаи замине, ки аз соли 1998 мо ҳуҷҷаташро доштем, аз нав санад кунем. Гуфтанд, барои ин кор 4500 ҳазор сомонӣ зарур аст, пардохтем. Дар ин миён ҳамсояи мо, ки имоми масҷиди деҳа аст, роҳи моро девор ва маҳкам кард ва мо хона сохта натавонистем. Ӯро ба суд додем, мурофиа ҷараён дошт, вале дар ин миён аз ноҳия хабар доданд, ки ҳуҷҷатҳои мо барои ин порчаи замин бекор кардаанд. Ман аз корманди идораи замини ноҳия пурсидам, ки чӣ хел ҳуҷҷатҳои мо бекор шудаст? Ӯ рӯирост ба ман гуфта, ки касе аз мо дида бештар пул додааст, барои ҳамин ҳуҷҷатҳои заминро ба номи ӯ кардаанд",- иброз дошт Ғафурҷонов.

Ин ҳамсӯҳбати мо сабти гуфтугӯяш бо ин масъули заминро дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дод ва дар ин сабт гуфтаҳояш тасдиқ мешаванд. Аммо дар идораи замини ин ноҳия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, агар Ғафурҷонов розӣ бошад, аз болои хонаи ҳамсояаш ба ӯ роҳ мекушоянд ва ҳуҷҷатҳои заминро дубора барқарор мекунанд ва омодаанд барояш аз ҷои дигар порчаи замин бидиҳанд.

Мисли Ғафурҷонов даҳҳо сокини дигар низ ба Радиои Озодӣ дар робита ба хилофкориву тамаъҷӯӣ ҳангоми тақсимоти замин ба Радиои Озодӣ муроҷиат мекунанд.

Вақте ришвахӯр ба "худиву бегона" тақсим мешавад...

Хилофкориҳои мансабдоронро ҳангоми тақсимоти заминро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо танқид карда буд ва боре ҳам эътироф кард, ки ин мушкил ба "як дарди бедаво" табдил шудаву сиёсати зиддикорупсионии ҳукумат дар ин бобат коромад нест.

Дмитрий Толкачев, пажуҳишгари лабараторияи зидикоррупсионии Мактаби олии иқтисоди Русия
Дмитрий Толкачев, пажуҳишгари лабараторияи зидикоррупсионии Мактаби олии иқтисоди Русия

Дмитрий Толкачев, пажӯҳишгари лабараторияи зидикоррупсионии Мактаби олии иқтисоди Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як иллати муввафақ нашудани сиёсатҳои мубориза бо фасод дар кишварҳои пасошӯравӣ ин аст, ки ришвахорон ба "худиву бегона" ҷудо шудаанд.

"Як унсури муҳими мубориза бо фасод ин иродаи қавии сиёсӣ аст. Яъне, касе бояд истисно набошад, ришватхорон новобаста аз мансабу мақом ва риштаҳои хешутабориву маҳаллиаш ҷазо бигирад. Вақте ҷомеа азми қавӣ ва иродаи яксонро дар мубора бо коррупсия мебинад, он гоҳ ба ҷиддияти кор бовар мекунад ва дигарон ҳам аз ин панд мегиранд",-гуфт ӯ.

Толкачев гуфт, дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ду кишвар - Гурҷистон ва Эстония таҷрибаи муваффақи мубориза бо фасодро доштанд, ки ҳар ду низ бар асоси шаффофият ва иродаи мустаҳками ҷомеа барои аз байн бурдани ришватхорӣ бино шудаанд.

"Танҳо ҳабс роҳи ҳал нест"

Бинобар раддабандии созмони Трансперенси интернешнл ва ё Шафофияти байналмилал, ки индекси пазириши ришваро дар 180 кишвари дунё чен мекунад, Эстония дар ҷойи 21-ум, Гурҷистон 48-ум ва Тоҷикистон дар мақоми 163-ум қарор дорад.

Аммо Алиакбар Абдуллоев мегӯяд, танҳо бо ҳабсу зиндон кардани мансабдорон ришватхорӣ решакан намешавад ва барои расидан ба натиҷа бастаи чораҳаро ба мисли корҳои пешгирии коррупсия, боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум анҷом додан зарур аст.

"Мо як кишвари хурдем, ҳамагӣ 9 миллион аҳолӣ дорем. Баъзе нафарон аллакай бори севум чорум ҳабс шуда истодаанд, аммо ин роҳи ҳал нест. Мо агар барои як каҷрафторӣ кормандони давлативу мансабдоронро ҳабс кардан гирем, оқибат чӣ мешавад? Дар паси ҳар нафари ҳабс шуда зану фарзанд, аст, онҳоро баъд кӣ мехӯронад?"-, иброз дошт Абдуллоев.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG