Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даъват ба як пиёла чой" Тоҷикистонро дар паҳлӯи Конго ҷой дод


Дар раддабандаии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ, Тоҷикистон дар қатори 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷо гирифтааст.

  • Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар гузориши нави худ – Global Competitiveness Report – ки рӯзи 19-уми октябр ба нашр расонд, 140 кишвари дунёро аз нигоҳи густариши ришвахорӣ раддабандӣ карда, ба ҳар кишвар аз 0 то 100 хол додааст. Кишваре, ки 100 хол дорад, аз фасод орӣ аст. Кишварҳое, ки сифр доранд ваё рақами ба он наздик, сахт фасодзада ҳастанд. Тоҷикистон дар ин радда 21 хол гирифта, дар шафати Конго ва Камбоҷа қарор гирифтааст.
Мо ба масъулони созмон вежагиҳои фарҳанги миллиро фаҳмондем, аммо ба инобат гирифтан намехоҳанд

Созмони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мизони фасод дар кишварҳоро бо усули созмони Transparency International ё Шаффофияти Байналмилалӣ арзёбӣ кардааст. Иттилоъ дар мавриди вазъи фасод дар Тоҷикистонро созмон тавассути чанд ташкилоти ғайридавлатӣ ва назарсанҷӣ дар дохили кишвар ба даст овардаааст.

“Магар ба як пиёла чой даъват кардан ҳам коррупсия аст?”

Алиакбар Абдуллоев, мудири Маркази ҷумҳуриявии тарғиби маърифати зиддикоррупсионӣ, рӯзи 20-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Transparency International нисбат ба ришватхорӣ дар Тоҷикистон мунсифона нест. Абдуллоев мегӯяд, Transparency International аз рӯи як зумра нишондодҳое ба вазъи ришватхорӣ дар кишвар баҳо медиҳад, ки баъзе аз назокатҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла менталитети тоҷикиро ба инобат намегирад.

Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев

“Дар натиҷа, Тоҷикистон дар ин раддабандиҳо дар ҷойгоҳи поин қарор мегирад”, - мегӯяд ӯ.

Абдуллоев афзуд, “намояндагони созмони Transparency International ба Тоҷикистон омада буданд. Бо раиси вақти Оҷонсии мубориза бо коррупсия Шерхон Салимзода суҳбат доштанд. Ман дар он мулоқот ҳузур доштам. Онҳо талаб доранд, ки мо дар қонун пешниҳодҳоеро ба мисли “биёед, як пиёла чой нӯшем” ё ишораи “мо дар хидмат ҳастем”-ро коррупсия эътироф кунем. Онҳо менталитети моро намефаҳманд. Агар мо одамонро барои чунин ибораҳо, ки хоси мардуми мост, ба ҷавобгарӣ кашонем, ҳама паси панҷара мераванд. Бе ҳамин ҳам ҳол бархе аз шаҳрвандон ду бору се бор суд шуда истодаанд.”

Ба таъкиди Алиакбар Абдуллоев, бинобар урфу одат ва фарҳанги тоҷикӣ, мансабдорон гоҳе аз рӯи эҳтиром кори ин ё он нафарро ҳал мекунанд, ки хилофи қонун нест, «аммо масъулони созмонҳое чун Transparency International инро ҳам нишонае аз тамаъҷӯӣ ва ё коррупсия эътироф мекунанд».

“Мо ба масъулони созмон вежагиҳои фарҳанги миллиро фаҳмонидем, аммо инро ба инобат гирифтан намехоҳанд”, - иброз дошт ӯ.

"Вақте хешутаборбозӣ ҳаст..."

Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Оҷонси мубориза бо коррупсия, Додситонии кул, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир салоҳияти барои ришватхорӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандонро доранд.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Аммо Марат Мамадшоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон доман паҳн кардани «хешутаборбозӣ» ва «ошнобозӣ» дар мақомот мушкили коррупсияро боз ҳам амиқтар мебарад.

Ӯ гуфт, “ҳоло мо реша давондани непотизм ваё хешутаборчигиро дар идораҳои давлатӣ мушоҳида мекунем. Барои мисол, вақте як нафар дар Вазорати корҳои дохилӣ кор мекунаду бародари дигараш дар Оҷонсии коррупсия аст, шикастани ҳалқаи ришват хеле душвор мешавад. Ҳалқаи ногусастанӣ ба вуҷуд меояд, ки яке дигареро сарпарастӣ мекунад”.

Дар робита ба мунсифона будан ва ё набудани раддабандиҳои Transparency International Марат Мамадшоев гуфт, чанд сол қабл дар назарсанҷиҳои ин созмон дар Тоҷикистон ширкат дошт ва ба холисона сурат гирифтани онҳо эътимод дорад.

“Transparency International бештар ба назари сокинони оддӣ такя мекунад ва аз онҳо мепурсад, ки дар зиндагӣ бо коррупсия дучор мешаванд ваё не? Бар асоси посухи мардум мавқеи кишварро дар рейтинг маълум мекунанд. Арёзбиҳо хеле мунсифона сурат мегиранд”, - иброз дошт ӯ.

Мувофиқи гуфтаи мақомоти Оҷонсии мубориза зидди коррупсияи Тоҷикистон имсол сегонаи ниҳодҳои фасодзада дар кишвар аз соҳаҳои тандурустӣ, идораи замин ва маориф иборат аст. Тақсимбандие, ки доимо баҳсҳоро ба дунбол дорад ва мунтақидон мегӯянд, Оҷонсии зидди коррупсия фасодро бештар дар байни муаллиму табибон меҷӯяд.

Ба қавли мунтақидон, беҳтар аст, Оҷонсии зиддифасод дар баробари дастгир кардани “моҳича”-ҳо баъзан “наҳанг”-ҳоро ҳам боздошт кунад.

XS
SM
MD
LG