Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Вазифаашонро иҷро намекунанд” Муҷозоти 8 мансабдори тоҷик


Ҳашт мансабдори тоҷик барои кундӣ дар иҷрои Барномаи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ҷазо гирифтаанд. Мақомот гуфтанд, ки ин афрод аз мақомдорони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Саридораи бойгонӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ҳастанд, вале аз онҳо ном набурданд.

Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Transparenсy International дар шохиси имсолаи фасоди молӣ Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвари дунё дар ҷойи 161-ум қарор дод

Онҳо пас аз як "профилактика"-и Оҷонси назорати далватии молияӣ ва мубориза бо коррупсия дар чаҳор ниҳоди давлатӣ – Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Саридораи бойгониву Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ – муҷозот шуданд. "Профилактика" моҳи апрели имсол сурат гирифт.

"Ҷарима шуданд"

Нигора Муқимӣ, як масъули Оҷонси зиддифасод, рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши онҳо ба ҷуз аз Вазорати умури дохилӣ, дар се ниҳоди дигар камбудҳоро ошкор кард. "Нисбат ба ҳашт мансабдор санад тартиб дода шуд ва онҳо ба пардохти ҷарима муваззаф гардиданд. Асосан барои риоя накардани тартиби ба ҷавобгарӣ кашидан ва нодида гирифтани барномаҳои давлатии зидди коррупсия айбдор ҳастанд", - афзуд ӯ.

Дар Оҷонси зиддифасод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин 8 нафар масъули иҷрои Стратеияи мубориза бо фасоди молӣ буданд. "Аммо дар баъзе ҳолат ба саҳлангорӣ роҳ дода, инчунин, баъзе бандҳои Стратегияро иҷро накарданд".

“Дар ВКД камбуд ошкор нашудааст”

Бинои Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон
Бинои Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон

Ҳашт мансабдори Кумитаи сармоягузорӣ, Саридораи бойгонӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар ҳоле муҷозот шудаанд, ки масъулини Оҷонси зиддифасод мегӯянд, санҷиши онҳо дар ВКД камбуд ошкор накард.

Нигора Муқимӣ, як масъули Оҷонси зиддифасод гуфт, "Вазорати корҳои дохилӣ дар самти муқовимат бо коррупсия корҳои зиёде кардааст, аз ҷумла дар самти иҷрои барномаи муқовимат бо фасод. Бо назардошти онки ВКД як мақоми муборизакунанда алайҳи фасод аст, бисёр корҳоро ба анҷом расондааст."

Панҷ соли Стратегияи муқовимат бо коррупсия

Санҷиши масъулини Оҷонси зиддифасод дар чаҳор ниҳод барои назорат аз иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия сурат гирифтааст. Ин барнома соли 2013 қабул шуда, бояд то соли 2020 амалӣ гардад. Ҳадаф аз таҳияи ин санад коҳиш додани сатҳи фасод дар кишвар гуфта мешавад.

Фасоди молиро дар Тоҷикистон аз мушкилиҳои умда арзёбӣ мекунанд, ки монеи рушди кишвар шудааст. Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Transparenсy International дар шохиси имсолаи фасоди молӣ Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвари дунё дар ҷойи 161-ум қарор дод. Тоҷикистон дар гузориши соли гузаштаи ин созмон дар мақоми 151-ум буд.

Коршиносони тоҷик хешутаборбозӣ, хотирбинӣ ва маоши пастро сабабҳои аслии коҳиш наёфтани фасодкорӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳангоми таҷлил аз 10-солагии таъсиси Оҷонси мубориза зидди фасод дар як соли пеш гуфта буд, “ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад”. Ба нақл аз гуфтаҳои раиси ҷумҳур, агар соли 2007 наздики 500 ҷиноят дар ин самт ошкор шудааст, дар соли 2016 шумори ҷиноятҳои марбут ба фасоди молӣ ба 1900 расидааст.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG