Пайвандҳои дастрасӣ

"Профилактика" дар ВКД. Оҷонсӣ аз мардум кумак хост


Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои ошкор кардани фасоди молӣ дар Вазорати умури дохилӣ, нақлиёт, Кумитаи дин ва сохтмон аз мардум кумак хостааст. Даъвати хаттии Оҷонсӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 15-уми январ дар вебсайти ин ниҳод нашр шуд. "Таҳқиқи ин ҳодисаҳо баъдан дар арзёбиву таҳлили мизони фасодкории сохторҳо мусоидат мекунад", - гуфта шудааст дар муроҷиатнома.

"Ҳар чӣ донед, бигӯед"

Коршиносони тоҷик хешутаборбозӣ, хотирбинӣ ва маоши пастро сабабҳои аслии коҳиш наёфтани фасодкорӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд.

Дар маркази матбуотии Оҷонсии зиддифасод рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, санҷиш дар чаҳор сохтори давлатӣ, қарор аст, моҳҳои феврал-апрели соли ҷорӣ баргузор шавад. Фаромарз Раҳмонзода, сухангӯи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, гуфт, ҷалби шаҳрвандон дар санҷиши фактҳои фасодкории мақомот ҷузъи Барномаи давлатии мубориза бо коррупсия мебошад.

Дар ин замина:"Фасод дар баробари фақр аз мушкили аслии Тоҷикистон аст"

"Аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мешавад, ки барои ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли онҳо маълумот ва пешниҳодҳои худро ироа кунанд", - афзуд ӯ.

Ниҳодҳои "сахт фасодзада"

Фаромарз Раҳмонзода гуфт, сокинони кишвар пешниҳоду назарҳо ва иттилои худро метавонанд бидуни ифшои исмашон ба суроғаи электронии Оҷонси мубориза бо фасод ирсол кунанд.

Зимнан, як сол қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо масъулони Оҷонсӣ ин чаҳор сохтори давлатиро “сахт фасодзада” унвон карда буд. Дар паёми ахири худ ба порлумон моҳи декабри соли 2017 ҳам президент Раҳмон гуфта буд, “ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар соли равон нисбат ба соли 2016 афзоиш ёфтааст”. Ба гуфтаи вай, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти маҳаллӣ низ 25 дарсад афзоиш ёфтааст.

"Шикоятҳои беном боис ба туҳмат ҳам хоҳад шуд"

Бархе таҳлилгарон ва журналистоне, ки аз вуҷуди фасод изҳори нигаронӣ мекунанд, тасмими ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин таҳқиқотро як иқдоми тоза ва умедворкунанда номиданд. Пешниҳоди ироаи маълумот ба таври махфӣ ё анонимӣ ҳам аз сӯе хуб арзёбӣ мешавад. Бархе мегӯянд, онҳое, ки аз ифшои номи худ ваё бархӯрди берун аз қонун баъди шикоят аз ҳолати фасод ҳарос доранд, метавонад аз ин шонс истифода кунанд. Вале айни замон, ҳолате пеш меояд, ки шикоятҳои беном метавонанд ҳолати бебандуборӣ ва тӯҳмати беасосро ба миён оваранд.

Ҷумъаи Мирзо
Ҷумъаи Мирзо

Ҷумъаи Мирзо, сардабири ҳафтаномаи “Дунё”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ин иқдоми Оҷонси мубориза бо фасод истиқбол кард ва гуфт, ин амр метавонад ҳосил ба бор орад. Ӯ гуфт, “мутахассисони Оҷонсӣ аз ин роҳ мехоҳанд зимни санҷиши фаъолияти чаҳор ниҳод иттилои бештар ва пешниҳодҳои мардумро дар даст дошта бошанд. Зеро, пӯшида нест, ки бештаре аз сокинон зимни корафтодагӣ ба ин сохторҳо водор мешаванд вориди муомилоти фасодкорӣ шаванд. Мутмаинам, бо чунин шеваи кор Оҷонсӣ имкон дорад барои ҷилавгирӣ аз фасод дар ин ниҳодҳо муваффақ ҳам шавад”.

"Бояд Вазорати маорифро ҳам санҷанд"

Аммо ба эътиқоди Ҷумъаи Мирзо, ин чаҳор ниҳод танҳо сохторҳое нестанд, ки дучори мушкили фасод ҳастанд. Вай афзуд, дар канори ин чаҳор сохтор Оҷонси зиддифасод бояд Вазорати маорифу илми Тоҷикистон, тандурустӣ ва мақомоти идораи замини кишварро низ бисанҷанд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта беш аз 10 корманди Оҷонси зиддифасод бо айби фасодкорӣ боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Дар як соли ахир шурӯъ аз раҳбари ин оҷонсӣ ҳайати он тағйир ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Коршиносони тоҷик хешутаборбозӣ, хотирбинӣ ва маоши пастро сабабҳои аслии коҳиш наёфтани фасодкорӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлил аз 10-солагии Оҷонси мубориза зидди фасод дар як соли пеш гуфта буд, “ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад”.

Ба нақл аз гуфтаҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, агар соли 2007 наздики 500 ҷиноят дар ин самт ошкор шуда бошад, дар соли 2016 шумори ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ ба 1900 расидааст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, талоши президент барои решакан кардани ришвахорӣ боис шуд, соли 2015 ба мақоми раиси Оҷонси зиддифасод писари калонии худ - Рустами Эмомалиро таъин кунад. Вале боз ҳам ин масъала натавонист пурра ҳалли худро пайдо кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG