Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳияти милисаҳои тоҷикро бештар мекунанд. САДО


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Порлумони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо ислоҳи қонуни милиса салоҳияти кормандони ин ниҳодро дар мавриди иҷрои ҳукми додгоҳҳо афзоиш бидиҳад. Дар сурати тасвиби ин тағйирот, маъмурони милиса ҳақ хоҳанд дошт, ҳамроҳи намояндагони додгоҳ иҷрои ҳукм, бахусус дар масъалаи тақсими замину хона, мерос ва баргардондани қарзро пайгирӣ кунанд.

Салоҳияти милисаҳои тоҷикро бештар мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00
Линки мустақим

Воқеан, дар ҳузури кормандони милиса тақсимоти молу мулк бидуни хархашаву ҷанҷол анҷом меёбад. Аммо дар мавриди ситонидани зарари молӣ, фикр мекунам, ширкати кормандони милиса чандон зарур ҳам нест.

Зарифа Алиеваи 27-сола ахиран аз шавҳараш ҷудо шуда, бо қарори додгоҳ бояд барои худ ва писари 4-солааш манзили якҳуҷраиро соҳиб шавад. Ӯ рӯзи 23-юми нобяр гуфт, ки шавҳараш бо ҳар баҳона аз иҷрои қарор сарпечӣ мекунад ва ӯ дар ҳалли ин масъала ночор мондааст.

Ҳамасола додгоҳҳои Тоҷикистон садҳо парвандаи шаҳрвандиву ҷиноиро баррасӣ карда, дар бораи ситондани зарар ё тақсими моликият ҳукм содир мекунанд. Аммо на ҳамаи ҷабрдидаҳо ба мисли Зарифа Алиева бар асоси хулосаи додгоҳ метавонанд, ҳаққи худро соҳиб шаванд.

Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартибот ва ҳифзи қонунияти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати пазируфта шудани ислоҳот, ҳалли мушкил имконпазир хоҳад шуд. Маҷидзода гуфт, васеъ кардани доираи салоҳияти милиса танҳо марбут ба иҷрои қарори додгоҳҳо хоҳад буд.

Ҷӯрахон Маҷидзода
Ҷӯрахон Маҷидзода

“Солҳои ахир дар Тоҷикистон иҷрои ҳукми додгоҳҳо ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Тибқи банди нави қонун ҳақ дода мешавад, ки кормандони милиса якҷо бо намояндагони додгоҳ дар мавриди иҷрои ҳукмҳо назорат кунанд. Қаблан танҳо иҷрочиёни судӣ машғули ҳалли баҳсҳои молӣ миёни шаҳрвандон ва ширкатҳо мешуданд. Ҳамакнун кормандони милиса дар заминаи иҷрои қарори судҳо дар мавриди баҳсҳои моликиятӣ, замин ва ғайра ширкат мекунанд. Дар сурати тасвиби ин қонун дар ҷаласаи ояндаи порлумонӣ мушкили умда дар баҳсҳои иқтисодиву оилавӣ дар Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.

Бархе аз намояндагони додгоҳ низ гуфтанд, ки ҳузури маъмурони милиса метавонад аз ҳама гуна мушкилот дар муомила бо ду ҷониби даъвогар мусоидат кунад. Онҳо мегӯянд, дар баъзе ҳолат мардум рафтори дағалона мекунанд ва ҳузури як нафари "погондор" корро то ҳадде сабук ва масъулияти сокинонро барои иҷрои ҳукму қарори додгоҳ бештар хоҳад кард. Вале аз тарафи дигар, паёмади ҷалби як ходими пулис ба ин кор метавонад паёмадҳои манфӣ ҳам ба бор орад, ки марбут ба суистифода аз салоҳият ва истифода аз зӯр ё силоҳ шавад.

Абдураҳмон Шарифов
Абдураҳмон Шарифов

Мунтақидони дигар аз коррупсия ҳам ҳушдор медиҳанд, ки метавонад дар ҷараёни иҷрои қарори додгоҳ мушкил эҷод кунад. Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои тоҷик, бар ин назар аст, ки ҷалби кормандони милиса дар иҷрои ҳукмҳои додгоҳӣ танҳо барои таъмини тартибот зарур аст ва онҳо набояд аз чунин ваколат берун шаванд.

Ӯ гуфт, “ҷалби кормандони милиса дар иҷрои ҳалномаҳои додгоҳӣ танҳо дар баҳсҳои оилавӣ зарур аст ва бояд мушаххас карда шавад, ки салоҳияти онҳо танҳо барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ марбут мебошад. Онҳо набояд дар иҷрои ҳалномаи судӣ таъсир дошта бошанд. Зеро зимни тақсими манзили зист ё моликияти дигар хатари расонидани зарари ҷисмонӣ ба намояндаи ҷонибҳо имконпазир мебошад. Воқеан, дар ҳузури кормандони милиса чунин тақсимот бидуни хархашаву ҷанҷолҳо анҷом меёбанд. Аммо дар мавриди ситонидани зарари молӣ, фикр мекунам, ширкати кормандони милиса чандон зарур ҳам нест, зеро тибқи ҳалнома ҷонибҳо метавонанд дубора ба додгоҳ муроҷиат карда, аз роҳи қонунӣ мушкили худро ҳал намоянд.”

Мавлуда Қаландарзода
Мавлуда Қаландарзода

Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар тобистони имсол гуфта буд, ки додгоҳҳои иқтисодии кишвар аз аввали соли 2017 барои ситондани зарар ба маблағи беш аз 380 миллион сомонӣ ҳукм кардаанд. Аммо намояндагони додгоҳ то он замон тавонистаанд, ки фақат 7 миллион сомониро биситонанд.

XS
SM
MD
LG