Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте наздикони мансабдорон ҳамеша "аз об хушк мебароянд..." ВИДЕО,САДО


Вақте хабаре дар мавриди содир шудани ҷинояти вазнин аз сӯи наздикон ё фарзандони афроди мансабдор ва бонуфуз пахш мешавад, чандин рӯз баъд ҳам сохторҳои ҳифзи қонун талош мекунанд хомӯшӣ ихтиёр кунанд ва ҳеҷ расонае наметавонад мавқеи онҳоро дар ин замина бишнавад.

Журналистоне, ки ҳаводиси кишварро пайваста пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, як сабаби афзоиши мавридҳои аз ҷавобгарӣ дар канор мондани “гурӯҳи вижаи қонуншиканҳо”, дар набуди шаффофият аст.

Охирин маврид дар робита бо садамаи маргборе дар маҳаллаи “Водонасос”-и шаҳри Душанбе бо ширкати ронандаи мошини “Мерседес Бенс” буд, ки рӯзҳои охири моҳи июл рух дод ва баъди се рӯз ҳам ҳеҷ сохтори дахлдор омода набуд дар бораи марги фалокатбори ду нафар шарҳе бидиҳад. Дар чунин ҳолатҳо бисёриҳо ба баррасии мунсифонаи қазия ва муҷозоти нафари муҷрим хушбин нестанд, чун бовар доранд, ки нафари гунаҳгор ҳатман “аз об хушк мебароянд”.

Вақте наздикони мансабдорон ҳамеша "аз об хушк мебароянд..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00
Линки мустақим

Садамаҳои пурсарусадои фарзандони мансабдорон

Дар панҷ соли ахир матбуоти мустақил чандин ҳодисаи фоҷеабори марги инсонҳоро дар роҳҳо дар натиҷаи садамаҳои автомобилӣ пӯшиш додааст ва дар аксари ин ҳодисаҳо муҷримон - фарзандони афроди баландпоя бо ҷазоҳои сабук аз ҷавобгарӣ, озод шудаанд.

Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукумов.
Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукумов.

Намунаҳои барҷастаи чунин ҳодисаҳо садамаи маргбори шоми 9-уми октябри соли 2013 бо иштироки Расули Амонуллоҳи 16-сола (писари Амонулло Ҳукумов, раиси вақти ширкати давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”), ки бо марги се нафар анҷомид, ҳалокати ду нафар дар натиҷаи садамаи 10 сентябри соли 2016 бо иштироки Фаромӯз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола шаби 28 апрели соли 2016 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и Душанбе мебошанд.

Вақте наздикони мансабдорон ҳамеша "аз об хушк мебароянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

​Дар қазияи ахир волидони ҷавони марҳум ба хабарнигорон гуфтанд, ки ба далели аз оилаи бонуфуз будани ҷавони қотил, ӯ аз ҷавобгарӣ дар канор мондааст. Ин танҳо чанд ҳодисаест, ки барои матбуот маълум шудааст. Дар бораи мизони воқеии қонуншиканиҳое, ки аз ҷониби афроди дорову бонуфуз ва наздикони мансабдорон рух медиҳад, оморе вуҷуд надорад.

Ҷомеа ба бемуҷозот мондани "гурӯҳи махсус" одат кардааст

Чунки аксари чунин ҳодисаҳо пушти парда ва на ҳамеша дар доираи қонун баҳсу баррасӣ мешавад. Журналист ва сардабири нашрияи мустақили “Фараж” Хуршеди Атовулло, ки ин ҳодисаҳоро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, дар Тоҷикистон аъзои ҷомеа ба бемуҷозот мондани гурӯҳи махсуси қонуншиканҳо одат кардааст.

Хуршеди Атовуллоҳ.
Хуршеди Атовуллоҳ.

Вай гуфт: “Фарзанди мансабдори давлат будану ба мисли писари Амонулло Ҳукумов бо пардохти ҷарима аз ҷазо халос шудан, бадбахтона барои мо як одати хос шудааст. Аз сӯи дигар, даъвогарон низ барои ҷазо пойфишорӣ накарда, “кори шудагӣ шуд”-мегӯянд. Намехоҳанд ба сари худ ҷанҷол биёранд”.

Чунин андешае ҳам роҳ уфтодааст, ки қонуну муқаррарот ва риояи он марбут ба ҳама аъзои ҷомеа нест ва дар ниҳояти амр, шахси дорову мақомдор аз роҳҳои хусусӣ мушкили худро ҳал карда, як нафари бевоситаву оддӣ боз ҳам танҳо мемонад.

Мушкил чист?

Бархе ҳуқуқшиносони собиқадор мегӯянд, як мушкил дар фасоду ришвахорӣ бошад, мушкили дигар дар мустақил набудани низоми додгоҳии Тоҷикистон аст. Онҳое, ки кори судҳои замони шӯравиро ёд доранд, мегӯянд, бо вуҷуди он замон ҳам номустақил будани додгоҳҳо, назорат аз риояи қонун шадидтар буд ва ҳатто мансабдорони баландпоя медонистанд, ки ҳукми қонун шадид ва муҳим аст.

Ватан Абдураҳмонов.
Ватан Абдураҳмонов.

Собиқадорон мегӯянд, дар он низоми худкомаи идеологияи коммунистӣ ҳатто кормандони баландпояи ҳизбию давлатӣ барои содир кардани ҷиноят ҳатман ҷазо мегирифтанд. Ватан Абдураҳмонов имрӯз нафақахӯр аст, вале таҷрибаи кор дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дорад. Вай, ки дар вазифаи судя фаъолият кардааст, аз чанд ҳодисае ёдовар шуд, ки дар он мансабдорони давлатию ҳизбӣ барои амалҳои ғайриқонунии худ дар назди қонун посух додаанд:

“Барои мисол раиси Суди Олии Тоҷикистон Раҷабов зиндонӣ шуда, баъдан мавриди афв қарор гирифт. Ба Бобоҷонов, мансабдори баландмақоми давлатӣ барои ҷинояти вазнин, ҳукми қатл доданд. Қазияи маъруфи “Текстилторг” буд, ки ҳамаи омилони он ба муддатҳои тӯлонӣ ҳабс шуданд”. Ватан Абдураҳмонов мегӯяд, волоияти қонун ва адолати додгоҳӣ пеш аз ҳама ба хотири эҷоди эътимод миёни мардум ва ҳукумат зарур аст.

Интиқоди Раҳмон аз мансабдорон

Мавзӯи масъулияти мансабдорон ва наздикони онҳо дар баробари қонун яке аз масоили мавриди нигаронии президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам шуд, ки дар ҷаласаи охирини худ ба муносибати даҳсолагии қабули Қонуни танзими расму оинҳо ба таври махсус аз мақомоти сохторҳои давлатӣ тақозо кард, ки худ ва наздиконашон дар баробари қонун масъулият эҳсос кунанд.

Журналистоне, ки ҳаводиси кишварро пайваста пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, як сабаби афзоиши мавридҳои аз ҷавобгарӣ дар канор мондани “гурӯҳи вижаи қонуншиканҳо”, дар набуди шаффофият аст. Солҳои охир тамоюли пинҳон кардани хабар аз матбуот, матраҳ нашудани мушкили мавриди назари ҷомеа аз минбари муҳими парлумон ва ҷаласаҳои ҷамъиятии дигар бештар мешавад. Пинҳонкорӣ баръакс мушкилоти ҷомеа, аз ҷумла коррупсияву қонуншиканиро афзоиш медиҳад.

Порлумони хамӯш

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, на танҳо дар мавриди садамаҳои пурсарусадои нақлиётӣ бо ширкати фарзандони мансабдорони давлатӣ, ки як ҳодисаи нохуш ҳисоб меёбад, балки дар мавриди боздошти мансабдорон барои фасод бо маблағҳои ҳангуфт низ мақомоти давлатӣ, бахусус, парлумон ибрози назаре намекунанд.

Нуриддин Қаршибоев.
Нуриддин Қаршибоев.

"Мутаассифона, ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла парлумон вокуниш нишон намедиҳанд, яъне, мавқеи худро мушаххас намекунанд. Мусаллам аст, ки ҳар кас барои гуноҳҳои худ ҷавобгӯ аст, масалан, вай фарзанди мансабдори воломақом аст, барои кирдораш худаш ҷавоб гӯяд. Азбаски шаффофият нест, шиносбозию воситагарӣ боиси бидуни ҷазо мондани омилони ҷиноятҳо мешаванд. Мустақил будани шохаи додгоҳӣ дар Тоҷикистон низ зери суол аст. Зеро судяҳо аз ҷониби раиси ҷумҳур таъйин шуда ва дар назди ӯ ҳисобот медиҳанд",-афзуд Нуриддин Қаршибоев.

Коршиносон мегӯянд, вақте аъзои дигари ҷомеа мебинанд, ки сохторҳои тафтишотӣ ва низоми додгустарии кишвар дар робита бо қонуншиканиҳои дигар бархӯрди шадидтар дораду барои ҷиноятҳои дигарон ҳукмҳои сангин пешбинӣ мекунад, эҳсоси норизоияташ аз кори сохтори давлатӣ ва низом, боло мегирад. Чунин ҳолат вақте ба як система табдил шуд, ба ҳеҷ сурат ба фоидаи ҷомеа ва давлат нест.

XS
SM
MD
LG