Пайвандҳои дастрасӣ

Як нафар бо санади тақаллубӣ даҳ зиндонии тоҷикро озод кард. САДО


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи Душанбе ба баррасии як қазияи ғайриоддие шурӯъ кардааст, ки дар он адвокати собиқ барои истифодаи нусхаи мӯҳри Додгоҳи олии Тоҷикистон барои кам кардани ҳукми 16 зиндонӣ ва озод шудани даҳ нафари дигар аз маҳбас муттаҳам мешавад. Тӯра Суннатов, сокини 38-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҳоли ҳозир барои “сохтакории аснод” ва “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” муттаҳам аст ва парвандаашро барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе фиристоданд.

Онҳо барои иҷрои ин кор ягон бинои додгоҳ ё идораи дигари интизомиро банд накарда, танҳо аз нирӯи як компютер, “сканер” ва коғази оддӣ истифода намудаанд.

Баҳриддин Исозода, муфаттиши корҳои махсусан муҳими Додситонии кул, рӯзи 21-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тӯра Суннатов, инчунин, бо истифода аз мӯҳри Додгоҳи олӣ ва имзои додрасҳо чанде аз маҳкумшудагонро аз зиндони низомаш сангин ба маҳбаси оддӣ ё маъмулӣ интиқол додааст. Ба қавли ӯ, Тӯра Суннатов ин ҳама корро дар тӯли солҳои 2015-2016 анҷом дода, моҳи декабри соли гузашта дастгир шудааст.

Феълан мавқеи худи айбдоршаванда ва наздиконаш ба ин қазия мушаххас нест, ҳамчунон санҷидани дурустии иттиҳоми мазкур тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Вале тафтишот мутмаин аст, ки Суннатов дар ин қазия даст дорад.

Баҳриддин Исозода гуфт: “Феълан ӯ дар боздошт қарор дорад ва бояд Додгоҳи пойтахт парвандаро баррасӣ ва ҳукмро эълон кунад. Тӯра Суннатов дар гузашта вакили дифоъ буда, соли 2008 барои се сол зиндонӣ шудааст. Ӯ баъди раҳоӣ аз зиндон ин нақшаро тарҳрезӣ карда ва сипас аз пайи иҷроаш мешавад”, - гуфт Исозода.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Бори аввал ҳам Суннатов барои тақаллуб зиндонӣ шудааст.

Ҳамсуҳбати мо дар Додситонии кулл афзуд, ҳамроҳи Тӯра Суннатов ду вакили дифои дигар, ки аз онҳо Бобомуродов ва Сайфиддинов ном бурда мешавад, низ боздошт шудаанд. Ӯ гуфт, “онҳо барои иҷрои ин кор ягон бинои додгоҳ ё идораи дигари интизомиро банд накарда, танҳо аз нирӯи як компютер, “сканер” ва коғази оддӣ истифода намудаанд.”

Яке аз саволҳои матраҳ ин аст, ки чӣ тавр Тӯра Суннатов ва шариконаш метавонистанд қарори додгоҳҳо, аз ҷумла қарори Додгоҳи олиро тағйир дода ва ҳукми бархе аз зиндониёнро поин ё муҳлати ҳабсро бо пардохти ҷарима иваз намоянд ва барои аз зиндон озод шудани нафарони зиёд мусоидат кунанд..

Дар посух ба ин савол Баҳриддин Исозода гуфт: “сохтор”-и Тӯра Суннатов асосан ба се омил, аз ҷумла бетаваҷҷуҳии мансабдорон ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои расмӣ такя мекард ва аз ин рӯ “муваффақона” пеш мерафт.”

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, Тӯра Суннатов моҳи июни соли гузашта дар ивази дуним ҳазор доллар зану шавҳар Хоҷаевҳо, сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буданд, бо як қарори сохта ва нусхаи муҳри Додгоҳи олӣ аз маҳбас озод кардааст. Ин муфаттиши Додситонии кулл гуфт, Тӯра Суннатов ва ҳамроҳонаш, дар як қарори дигар бо имзо ва муҳри сохтаи Додгоҳи олӣ ҳукми Додгоҳи шаҳри Турсунзодаро тағйир дода, муҳлати ҳабси шаҳрванд Дамир Фозиловро аз ҳашт то чаҳор сол поин овардаанд.

Ду соли қабл мақомот аз боздошти як ҷавон хабар дода буданд, ки барои ҳалли мушкили худу дигарон гӯё аз номи писари хурдии раиси ҷумҳури Тоҷикистон истифода кардааст.

“Ин афрод дар ҷараёни кори худ аз нусхаи имзои додрасҳои Додгоҳи олӣ, ба мисли Лутфулозода, Ғуломзода ва Кенҷазода ҳам бо ёрии “сканер” истифода кардаанд”, - гуфт Баҳриддин Исозода. Як манбаи огоҳи дигар аз қазия мегӯяд, худи додрасҳо аз истифодаи мӯҳр ва ҳамин тавр имзои бархеи онҳо аз сӯи Тӯра Суннатов дар тааҷҷуб афтодаанд. “Ба ҳамин далел, парванда дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад, чун додрасҳо дар пойтахтанд ва бештар аз номи онҳо ва имзояшон сӯистифода шудааст”, - гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, дар ин қазия пойи нозири зиндони рақами 3\4-и Вазорати адлияи Тоҷикистон Азамат Қурбонов ҳам кашида шудааст. Мақомот мегӯянд, Қурбонов дар як ҳолат бо Тӯра Суннатов барои ивази ҳукми яке аз маҳкумшудаҳо ёрӣ кардааст. Ӯ низ феълан дар боздошт аст.

Дар гузашта чанд ҳолати сӯистифода аз номи мақомҳои Вазорати умури дохилӣ, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва идораи замин сабт шудааст. Ду соли қабл мақомот аз боздошти як ҷавон хабар дода буданд, ки барои ҳалли мушкили худу дигарон гӯё аз номи писари хурдии раиси ҷумҳури Тоҷикистон истифода кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG