Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе аз Истамбул ҳуввияти гумонбари боздоштшударо пурсид. ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон аз полиси Туркия дархости расмӣ кардаанд, ки ҳуввияти як ё чанд тоҷики эҳтимолии боздоштшуда аз рӯи қазияи ҳамла ба клуби тафреҳии "Рейна"-и Истамбулро барои онҳо ошкор кунанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки дархости ҷониби ин кишвар ба таври расмӣ рӯзи 19 январ тавассути консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул ба полиси Туркия фиристода шудааст. Пулиси Туркия рӯзи 18 январ 27 нафар, асосан шаҳрвандони Осиёи Марказиро боздошт кард, ки эҳтимолан бо гумонбари аслии ҳамлаи клуби шабонаи "Reina" дар Истанбул робита доштанд.

Мақомоти Туркия бар ин боваранд, ки ҳамлаи шаби Соли Нав ба "Reina", ки 39 нафарро кушта бар ҷо гузошт, шаҳрванди Узбакистон Абдулқодир Машарипов анҷом додааст.

Тоҷики миёнарави байни хориҷиҳо ва ДИИШ

Ба гуфтаи пулис, як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайси миёнарави байни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ва шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият мекард.

Хабаргузории давлатии "Анадолу" бо такя ба манобеи полис мегӯяд, ки 27 нафар дар шаҳри шимолу ғарбии Бурса ба думболи рейди гурӯҳи зиддитеррористии Туркия боздошт шуданд. "Анадолу" мегӯяд, ки аксари онҳо аз Тоҷикистон, Узбакистон ё Қирғизистон ҳастанд ва бархе ҳам аз ӯйғурҳои Чин. 15 нафари боздоштшудаҳо занҳо буданд.

Ба гуфтаи "Анадолу", пулис ҳангоми рейд аз хонае, ки гӯё ба шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ доштааст, 29 кӯдакро таҳти ҳимоят гирифт ва 15 телефони мобилро бо шиносномаҳои тақаллубӣ мусодира кард. Ба гуфтаи пулис, як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайси миёнарави байни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ва шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият мекард.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки феълан хабари боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ ё рад карда наметавонанд ва мунтазири посухи ҷониби Туркия мешаванд. Дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки аксари 1100 шаҳрванди ин кишвар, ки барои ҷанг дар сафи ДИИШ ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз роҳи Туркия вориди ин қаламравҳо шудаанд.

Рейди хонаи иҷораи Машарипов дар Истамбул

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Истамбул ниҳодҳои амниятии Туркия баъди таҳқиқи манзили иҷораи Машарипов як марди ироқӣ, як зани мисрӣ, як зани сенегалӣ ва як зани сомалиро боздошт карданд. Манзил дар табақаи панҷуми бинои бисёрошёна, дар маҳаллаи гароннархи канори Истанбул қарор дорад. Аз наворҳо маълум мешавад, ки полис дар як амалиёти ғофилгирона муттаҳамонро дастгир намуд.

​Дар манзил нимтанаи сиёҳи эҳтимолан марбут ба муттаҳам, ки ҳангоми гирифтани навори селфи дар майдони тақсими Истанбул дар тани Машарипов намудор буд, ёфт шудааст. Ҳамчунон дар манзили иҷораи муттаҳам санади издивоҷ ва компютер бо намунаи матни намоз ба забони фаронсавӣ пайдо шудааст. Алӣ Ҳайдар, яке аз ҳамсояҳои муттаҳам мегӯяд, ки нафаре мисли Машариповро ҳеҷ гоҳ надида буд.

Ба қавли мансабдорон, муттаҳам тамоми пардохтҳои барқу хадамоти манзилро бо пули нақд месуорид ва аз ин рӯ, пайдо намудани сарчашмаи маблағҳояш имкон надорад. Масъулони ширкати иҷорадиҳанда низ ӯро намешинохтанд.

Иқрори Машарипов дар анҷоми ҳамла

Ба гуфти Ҳайдар, дар сохтмони онҳо ҳеҷ дурбини сабти видеоӣ насб нашудааст, аз ин рӯ сабт ё бақайдгирии рафтуомади мардум имкон надорад.

Нашрияи "Hurriyet" гузориш дод, ки гумонбари ҳамла ба "Reina" Абдуқодир Машарипов ба гуноҳаш иқрор шуд ва ба пулис гуфт, ки ӯ дар ибтидо аз раҳбарони ДИИШ дар шаҳри Раққаи Сурия дастур гирифта буд, ки ҳамларо дар майдони "Тақсим"-и Истанбул анҷом диҳад. Аммо бинобар ҳузури аз ҳад беши амниятҳо дар атрофи майдон, фикрашро дар охирин лаҳза дигар кард.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла ба клуби машҳури "Reina"-ро як рӯз баъди ҳодиса бар дӯш гирифт ва онро интиқоми дахолати низомии Туркия ба Сурия унвон кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG