Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 27 тан зодагони Осиёи Миёна дар робита ба ҳамлаи Reina


Пулиси Туркия рӯзи 18 январ 27 нафар, асосан шаҳрвандони Осиёи Марказиро боздошт кард, ки гуфта мешавад бо гумонбари аслии ҳамлаи клуби шабонаи "Reina" дар Истанбул робита доштанд. Мақомоти Туркия бар ин боваранд, ки ҳамлаи шаби Соли Нав ба "Reina"-ро, ки 39 нафарро кушта ба ҷо гузошт, шаҳрванди Узбакистон Абдулқодир Машарипов анҷом дод.

Хабаргузории давлатии "Анадолу" мегӯяд, ки 27 нафар дар шаҳри шимолу ғарбии Бурса, ба думболи рейди гурӯҳи зидди-террористии Туркия боздошт шуданд. "Анадолу" мегӯяд, ки аксари онҳо аз Тоҷикистон, Узбакистон ё Қирғизистон ҳастанд ва бархе ҳам аз ӯйғурҳои Чин. 15 нафари боздоштшудаҳо занҳо буданд.

Ба гуфтаи "Анадолу", пулис ҳангоми рейд аз хонае, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дошт, 29 кӯдакро таҳти ҳимоят гирифт ва 15 телефони мобилро бо кордҳои тақаллубӣ мусодира кард. Ба гуфтаи пулис, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун робитаи байни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ва шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият мекард.

Нашрияи "Hurriyet" гузориш дод, ки гумонбари ҳамла ба "Reina" Абдуқодир Машарипов ба гуноҳаш иқрор шуд ва ба пулис гуфт, ки ӯ дар ибтидо аз раҳбарони ДИИШ дар шаҳри Раққаи Сурия дастур гирифта буд, ки ҳамларо дар майдони "Тақсим"-и Истанбул анҷом диҳад. Аммо бинобар ҳузури аз ҳад беши амниятҳо дар атрофи майдон, фикрашро дар охирин лаҳза дигар кард.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла ба клуби машҳури "Reina"-ро як рӯз баъди ҳодиса бар дӯш гирифт ва онро интиқоми дахолати низомии Туркия ба Сурия унвон кард.

XS
SM
MD
LG