Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи давлатии бойторӣ дар шаҳри Душанбе, ки масъули назорати ҳайвонҳои хонагӣ дар пойтахт, аз ҷумла сагҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва тӯтиҳои Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент буд, барҳам хӯрд. Кори шӯъбаҳои ин идора дар ноҳияҳои пойтахт низ қатъ гардида, 11 мутахассис бекор мондааст.

Дар пойтахт чанд мағозаи махсуси фурӯши ҷонварон амал мекунад, ки барои хоҳишмандон намудҳои моҳиву тӯтӣ ва харгӯшу мушро пешниҳод мекунад

Масъулони ин ниҳод тасмим доранд, ки ба шаҳрдори Душанбе барои ислоҳи вазъ номаи шикоятӣ фиристанд. Соҳибони сагу гурба дар пойтахт ҳам мегӯянд, ҳар сол ҳайвони хонагии худро эм мекарданд ва ҳоло намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд.

Тасмими Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Мутахассисон ҳам мегӯянд, фаъол набудани ҳамчунин марказ метавонад боис ба сар задани бемориҳое шавад, ки аз ҳайвонҳои хонагӣ сироят меёбад. Бобошо Қармишев, раиси Идораи давлатии назорати ветеринарии Душанбе, 12-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта пушти дари идораашон муҳр зада шуд ва даромадан ба он манъ гардид.

Ӯ гуфт, "ин иқдом аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сурат гирифтааст. Ҳоло ба унвони раиси шаҳри Душанбе нома навиштем, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ ва барои боз намудани дари идора мусоидат кунад. Ҳоло 11 мутахассис бекор монд ва ман метарсам, ки онҳо ба муҳоҷират мераванд".

Қармишев афзуд, ҳоло як маркази хусусии ветеринарӣ вуҷуд дорад, ки наметавонад тамоми ноҳияҳои шаҳрро фаро гирад. Ба қавли ӯ, дар шаҳр тақрибан 5 ҳазор нафар соҳиби сагу гурба ва парранда ҳастанд. "Бовар кунед, ҳамин мутахассисон бо вуҷуди маоши кам кор мекарданд. Назорати пурраи шаҳр кори саҳл нест", - афзуд ӯ.

"Ҳама аз аттестатсия мегузарад"

Дар ҳамин ҳол, як масъули Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумат, ки нахост нома бурда шавад, гуфт, ин ниҳод ба тозагӣ таъсис ёфтааст ва марҳилаи тағйироти сохторӣ идома дорад. Ӯ афзуд, дар доираи ин тағйироти сохторӣ, мутахассисони Идораи давлатии назорати бойтории Душанбе аз санҷиш (аттестатсия) гузаронда шуданд ва дар назар аст ин идора ҳамчун шуъба дар назди Кумита фаъолият кунад. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ба кормандони ин ниҳод ҷубронпулӣ дода шудааст.

Дар моҳи декабри соли 2017 мақомот аз таъсиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. Ин ниҳод дар заминаи сохторҳои барҳамхӯрдаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ амал хоҳад кард.

Сафирон ва раиси ҷумҳур саг доранд

Олим Ҷамолов, яке аз кормандони Идораи назорати ветеринарии пойтахт, мегӯяд, то ҳол ба онҳо шарҳ надодаанд, ки оё идорааашон дубора фаъол мешавад, ё не. Вай афзуд, агар Идораи назорати байторӣ пурра барҳам дода шавад, вазъи беҳдорию санитарӣ дар пойтахт вазнин хоҳад шуд.

"Баъзе сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе саг доранд. Аз ҷумла, сафири Олмону Фаронса. Пайваста ваксинатисия мекунем ва шахсони баландапояи кишвар, аз ҷумла президенти Тоҷикистон саг доранд. Ман онро ваксинатсия ва профилактика мекунам. Ҳоло ду тӯтии Озода Раҳмонро ҳам табобат мекунам. Ба ҷуз ин, Озода Раҳмон ду саг дорад, ки онро ҳам назорат мекунем. Назорати бахши ветеринарии пойтахт масъулияти ҷиддӣ мехоҳад", - гуфт ӯ.

Шиноснома ба сагу гурбаҳои пойтахт

Тақрибан чаҳор сол қабл Идораи назорати байтории Душанбе маъракаи додани санад ба саг ва гурбаҳои хонагиро сар карда буд, ки ҳадафаш аз байн бурдани сагҳои дайду ва ҳорӣ ва гурбаҳои бесоҳиб дар шаҳр аст.

Ҳоло дар пойтахт чанд мағозаи махсуси фурӯши ҷонварон амал мекунад, ки барои хоҳишмандон намудҳои харидани моҳиву тӯтӣ ва харгӯшу мушро пешниҳод мекунад. Қимати ҳар ҷонвар аз 25 сомонӣ то 2 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG