Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Квота барои кист -- фарзанди раис ё духтари деҳқон?


Квота барои кист, фарзанди раиси ноҳия ё духтари деҳқони оддӣ? Ин суолест, ки Мунисаи Раҷабалӣ, як муҳассили мактаб дар вилояти Суғд ба он посух меҷӯяд. Муниса мехост тариқи квота ба Донишгоҳи тиббӣ ворид шавад, вале устодонаш ӯро мутмаин карданд, ки тақдири квота аллакай ҳал шудааст ва беҳуда худро ранҷ надиҳад. Барои квотаи Донишгоҳи тиббӣ, ки барои макони зисти Муниса ҷудо шудааст, духтари раиси ноҳия талабгор шудааст. Чизе, ки қаҳрамони моро аз идомаи рақобат ноумед кард.

"Падари ман куҷову раис куҷо"

Мунисаи Раҷабалӣ, сокини як деҳаи вилояти Суғд се соли ахир барои гирифтани квотаи президентӣ талош мекард. Падари Муниса деҳқони оддӣ буда, модараш низ хонашин аст. Мегӯяд, бо вуҷуди вазъи нохуби молии оилааш, ба хотири дохил шудан ба донишгоҳ дар дарсҳои иловагӣ аз фанҳои химия, биология ва физика иштирок мекард. Муниса мегӯяд, моҳона то 200 сомонӣ барои дарсҳои иловагӣ маблағ сарф мекард, ки барои оилаи онҳо маблағи кам нест.

Квотаи президентӣ ягона роҳе аст, ки баъди соҳиб шудан ба он довталаб бидуни имтиҳон ба донишгоҳ дохил шуда, инчунин дар давоми таҳсил бо идрорпулӣ ва хобгоҳ таъмин мешавад.

"Мо оилаи камбағал ҳастем ва шароит надорем, ки ман дар бахши шартномавии донишгоҳ таҳсил кунам. Барои ҳамин, се сол азоб кашида дар дарсҳои иловагӣ иштирок кардам ва мехостам соҳиби квота шуда, дар оянда табиб шавам. Аммо дигар умедамро кандам. Падари ман куҷову раис куҷо",- мегӯяд ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ

Муниса мегӯяд, ҳоло тақдирашро ба имтиҳони Маркази миллии тестӣ ҳавола кардааст. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, падараш ба ӯ гуфтааст, ки ба таҳсилаш дар донишгоҳ мухолифат надорад, аммо ба шарте, ки ӯ ба бахши буҷавии донишгоҳ дохил шавад. Агар тавонист ба бахши буҷавии Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад, таҳсил мекунад. Дар акси ҳол тақдир Мунисаро ба ҳамон роҳе мебарад, ки ҳазорон духтарони деҳа ба он мераванд.

"Квотаро кӣ мегирад?"

Мақомоти маорифи ноҳияи Мастчоҳ тасдиқ мекунанд, ки духтари яке аз мақомоти баландпояи маҳаллӣ аз довталабони квотаи бахши тибб барои ин ноҳия мебошад. Як масъули Шӯъбаи маорифи ин ноҳия бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қатори ин духтар боз чор нафари дигар ҳам довталаби квота ҳастанд ва танҳо даври ҷумҳуриявӣ дақиқ мекунад, ки кадоме аз онҳо шоистаи таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ аст.

Мақомоти маорифи ноҳияи Мастчоҳ ҳамагуна хешутаборбозӣ дар ҷараёни додани квотаро рад мекунанд ва мегӯянд, квотаи президентӣ танҳо насиби он нафаре мешавад, ки дониши казоӣ дорад.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки мутаассифона, ҳолатҳое кам нест, ки баъди дохил шудани як ҷавони арзанда ба донишгоҳ мардум ба дониши ӯ неву, мавқеи иҷтимоиаш баҳо медиҳанд ва ба шоиста будани номзадии ӯ бовар намекунанд. Вай гуфт, зиёд будани коррупсия ва муомилаҳо дар заминаи тақсими квотаҳо ба обрӯи ин барномаи дар асл хуби иҷтимоии кӯмак ба ҷавонони деҳ осеб расонидааст.

"Чаро ба квотаи камбағалон чашм ало мекунанд"

Ин шабу рӯз даҳҳо довталаб дар минтақаҳои Тоҷикистон барои дарёфти квотаи президентӣ талош мекунанд. Иштирокдорони имтиҳонҳои квота мегӯянд, баҳси асосие, ки дар ҷараёни имтиҳонҳо сурат мегирад, сари тақсими одилонаи квотаи президентӣ аст.

Квотаи таҳсил дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон соли 1997 бо ҳадафи дастгирии духтарони деҳот ба гирифтани маълумоти олӣ ҷорӣ шуд ва баъдан барои писарҳо ҳам пешниҳод гардид. Соле беш аз 1200 ҷавони тоҷик ҳақ доранд тавассути имтиёзи давлатӣ дар бахшҳои буҷавии донишгоҳҳо таҳсил кунанд ва баъдан барои кор ба маҳалҳои зисти худ баргарданд. Вале дар муддати амалишавии ин барнома шикоят аз сӯиистифода шудани квота кам набудааст.

Довталабон мегӯянд, квота барои аксари ҷавонҳои рустоӣ охирин умеди таҳсил дар донишгоҳ аст, чун он барои соҳибаш имтиёзҳои зиёде аз қабили стипендия ва хобгоҳ медиҳад. Аз сӯи дигар, бо гарон будани шароити зиндагӣ дар шаҳрҳо, на ҳама хонаводаҳо омода ҳастанд ки давоми панҷ сол таҳсилу зиндагии фарзанди худро дар макони дур аз манзил таъмин кунанд.

Шаҳбоз Ҳайдаров, падари яке аз довталабон аз вилояти Суғд мегӯяд, вақте қишри дорои ҷомеа имкони пардохти харҷи таҳсили фарзандонашонро доранд, чаро ба квотаи ба қавли ӯ барои камбизоатон ҷудошуда "чашм ало мекунанд."

"Вақте мансабдорон ва одамони бой маблағ доранд чаро фарзандонашонро ба бахши шартномавии донишгоҳ намегузоранд? Чаро онҳоро барои таҳсил ба хориҷа намефиристанд? Омада-омада як квотаро аз дасти як бечораи камбағал мегиранд",-мегӯяд ӯ.

Бинои вазорати маорифи Тоҷикистон.
Бинои вазорати маорифи Тоҷикистон.

Бархе волидони ҷавонҳои имрӯза мегӯянд, замони Шӯравӣ ҳам барои таъмини хароҷоти донишҷӯ дар шаҳр маблағ лозим буд, вале тақозо ва харҷи он замон ва имрӯз қобили қиёс нест -- он солҳо дастрасӣ ба хобгоҳи бепул, гирифтани стипендияи ҳармоҳа, харҷи ғизову сарулибос масъалае набуд, ки ҳаллаш сангину мушкилзо бошад.

Аммо масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, квотаи президентӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳру деҳот аст ва камбизоат будан ё набудани довталаб аҳамият надорад. Рӯзи 17-уми апрел дар Вазорати маориф ва илм ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мутобиқи дастурамали баргузории имтиҳонҳои квотаи президентӣ, танҳо дар ҳолате, ки ятими кулл ва маъюбон бо дигар довталабон холи баробар дошта бошанд, ба онҳо бартарӣ дода мешавад.

"Квота-охирин роҳи осон дохил шудан ба донишгоҳ"

Баҳси квота дар ҳоле дубора доғ мешавад, ки коршиносон мегӯянд, дар кишвар рақобати носолим барои гирифтани он ҷараён дорад.

Довталабони Донишгоҳи тиббӣ миёни хатмкунандагони мактабҳои миёна аз ҳама бештар мебошанд.
Довталабони Донишгоҳи тиббӣ миёни хатмкунандагони мактабҳои миёна аз ҳама бештар мебошанд.

Хуршед Фозилов, як хабарнигори мустақил, ки мавзӯи квотаҳоро зиёд пайгирӣ кардааст, мегӯяд, дар доираҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯшиш мекунанд, хешу табор ё рафиқашонро барои квотаи таҳсил гузаронанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Хуршед Фозилов, "квота бояд барои онҳое бошад, ки қудрати пардохти маблағи таҳсилро надоранд, вале дониши казоӣ доранд, ки дар донишгоҳ таҳсил кунанд."

Таҳлилгарони умури маориф мегӯянд, рақобат барои гирифтани квота пас аз ба кор шурӯъ кардани Маркази миллии тестӣ шадидтар шуд. Пас аз тағйири системаи қабул дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба қавли таҳлилгарон, талаботи вуруд ба донишгоҳҳо шадидтар шуд ва маҳз ба ин хотир, бархе талош мекунанд фарзандонашон тариқи квота донишҷӯ шавад. Рақобат бахусус дар бахши илмҳои тибб шадидтар будааст, ки барои як квотаи ҷудошуда барои ин бахш чандин нафар талабгор будаанд.

Квотаи президентӣ ягона роҳе аст, ки баъди соҳиб шудан ба он довталаб бидуни имтиҳон ба донишгоҳ дохил шуда, инчунин дар давоми таҳсил бо идрорпулӣ ва хобгоҳ таъмин мешавад. Шарти аслӣ дар назди довталаб ин аст, ки баъди хатми донишгоҳ бояд то се сол дар зодгоҳаш аз рӯи ихтисос фаъолият кунад.

Шарҳҳоро бинед (36)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG