Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари Нурализода: "Агар шавҳарам порахӯр мебуд, ду оила дар хонаи дуҳуҷраӣ мезист?"


Аскар Нурализода

Пайвандони Аскар Нурализода, як масъули собиқи Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, ҳукми 11 сол ҳабси ӯро бепоя донистанд. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми январи имсол Аскар Нурализодаро ба гирифтани тақрибан 500 ҳазор доллар ришва айбдор донист ва ба 11 соли зиндон маҳкум кард.

Аз сафи ҳизб берун шуд

Мо то ҳозир ду оила дар хонаи дуҳуҷраӣ зиндагӣ мекунем. Ман имзо накардам, нарафтам, намедонем чӣ хел ба номи ман хона карданд...

Ин мақоми собиқи Вазорати рушди иқтисод тирамоҳи соли гузашта аз тарафи маъмурони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд. Онҳо гуфтанд, ки Нурализода барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти давлатӣ аз як шаҳрванд дар маҷмуъ 1 миллион доллар хоста, ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ низ талаб намуда буд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар Душанбе дастгир шуд.

Дар пайи ин, ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ӯро аз сафи худ ронд ва узвияташ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ қатъ гардид.

“Магар ба писараш пул намедод?”

Аскар Нурализода
Аскар Нурализода

Наздикони Аскар Нурализода давоми тақрибан чаҳор моҳи боздошт ва ҳабси ӯ дар ин бора аз суҳбат худдорӣ мекарданд. Баъди беш аз як ҳафтаи содир шудани ҳукми додгоҳ Савриннисо Холиқова, ҳамсари Аскар Нурализода, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсараш дар додгоҳ худро бегуноҳ номида, талош кардааст, даст надоштани худ дар ин ҷиноятро собит кунад. Холиқова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамсарам гуноҳ надорад ва ба доми фиреб афтодааст.”

Савриннисо Холиқова гуфт, хонаеро, ки гӯё шавҳараш ҳамчун “пора” барои ӯ талаб кардааст, ҳеч гоҳ бо чашмаш надидааст. “Дар ин бора гуфтаниам, ки ҳамаи инҳо туҳмат аст. Мо то ҳозир ду оила дар хонаи дуҳуҷраӣ зиндагӣ мекунем. Ман имзо накардам, нарафтам, намедонем чӣ хел ба номи ман хона карданд. Чигуна ба номи ман шартномаи харидуфурӯши хона кардаанд, ки ман хонаро надидаам?” -суол гузошт Савриннисо Холиқова.

Ҳамсари Аскар Нурализода, инчунин, гуфт, худи шавҳараш дар додгоҳ исбот кардааст, ки ҳамаи иттиҳомҳо нисбат ба ӯ туҳмат мебошанд. Холиқова бо радди иддаои тафтишот дар ҳаққи шавҳараш афзуд, “ягон чиз надорем. Писарам аз бонк қарздор аст. Агар шавҳари ман порахӯр мебуд, ба писараш маблағ намедод, ки қарзашро диҳад? Ё хонаи калон намегирифт? Намедонем, ки аз пайи ӯ афтид.”

Наздикони Аскар Нурализода мегӯянд, ӯ 33 сол дар идораҳои давлатӣ кор кардааст ва боре ҳам огоҳӣ нагирифта буд. Онҳо мегӯянд, додгоҳ ваҷҳои сабуккунандаи ҷазо алайҳи Нурализодаро ба эътибор нагирифт.

“Паҳлӯҳои норӯшани қазияи Нурализода”

Қазияи Аскар Нурализода аз қазияҳои фарқкунандаи талаби пора дар Тоҷикистон дар соли 2017 ба ҳисоб мерафт. Ин хабар дар расонаҳои ҷаҳонӣ низ нашр гардид. Сарусадо атрофи ин қазия ба қавли огоҳон ба хотири ҳаҷми маблағи баҳсӣ мерафт. Чун дар Тоҷикистон то ҳол мақомот хабар надодааст, ки як мақоми давлатӣ бо 500 ҳазор доллар маблағ боздошт шуда бошад. Ин ҳодиса давоми чанд ҳафта дар сархати расонаҳо қарор дошт. Аммо бо вуҷуди пайгирӣ паҳлуҳои ин қазия барои ҷомеа норӯшан монд.

Рӯзи 18-уми январ як манбаъ дар Оҷонси зиддифасод ба Радиои Озодӣ гуфт, Аскар Нурализода танҳо ба хотири гирифтани ҳудуди ним миллион доллар пора зиндонӣ нашудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, баъд аз боздошт ва эълони хабари Нурализода ду нафари дигар алайҳи ӯ ба мақомот муроҷиат карданд. “Ин ду нафар яке сокини вилояти Суғд ва дигаре сокини вилояти Хатлон буданд. Онҳо дар шикояташон ба Оҷонси зиддифасод навиштанд, ки Аскар Нурализода барои ворид кардани номи онҳо ба рӯйхати довталабони гранти давлатӣ ришва талаб кардааст. Шикояти онҳо низ ба парвандаи Нурализода илова карда шуд ва ин нафарон дар додгоҳ баёнот доданд”, - афзуд манбаъ.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, додситон барои Аскар Нурализода аз додгоҳ 12 соли зиндон талаб карда буд, аммо додгоҳ як солро кам ва Нурализодаро ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Дар ҳамин ҳол наздикони Аскар Нурализода мегӯянд, то ҳол аз болои ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят набурдаанд. Онҳо мегӯянд, аз вазъи саломатии Нурализода нигаронанд, зеро ӯ аз дарди ҷигар ва фишори баланди ранҷ мебарад.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилал ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG