Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "метросозӣ" то "набудани коронавирус" дар Тоҷикистон. Иқтибосҳои пурбаҳси 2020. ВИДЕО


Панҷ иқтибоси сол

Суханоне ҳастанд, ки зуд сари забонҳо меуфтанд, гоҳе солҳо ёдоварӣ мешаванд ва гоҳе ҳам ба як бахши зиндагии ҷомеа табдил меёбанд. Дар соли 2020 чунин суханон кам набуданд. Радиои Озодӣ панҷ сухан ё иқтибоси солро гирдоварӣ кард, ки дар ҷомеа вокунишҳои зиёде дар пай доштанд ва то андозае ҳолу ҳавои солро бозгӯ мекунанд.

Яке аз чунин иқтибосҳо аз баҳори сол мондааст. Моҳи март ва апрели 2020, дар ҳоле ки Узбекистону Қирғизистон омори сирояти коронавирусро ба шаҳрвандон ҳар рӯз нашр ва чораҳои сахти беҳдоштӣ ҷорӣ мекарданд, мақомоти Тоҷикистон исрор меварзиданд, ки “дар кишвар коронавирус нест”.

"ИЛТИҲОБИ ШУШ АСТ, НА КОРОНАВИРУС"

Фавти одамон аз “илтиҳоби шуш” меафзуд ва рӯзи 2-юми апрел Галина Перфилева, он замон раиси дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Душанбе, тавассути телевезиони давлатӣ эълон кард, ки натиҷаҳои ташхисҳоро дар Маскаву Лондон озмуданд ва "дар кишвар мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст".

Галина Перфилева
Галина Перфилева

Изҳороти Перфилева дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва бисёриҳо ӯро ба "дурӯғросткунӣ" айбдор карданд. Чун дар он шабу рӯз марги одамон, ки иллаташ "илтиҳоби шуш" гуфта мешуд, дар ҳоли афзоиш буд.

Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел ҳолатҳои аввалини гирифтории шаҳрвандонро ба коронавирус иқрор кард. Коршиносон дар Тоҷикистон гуфтанд, изҳороти Перфилева мардум ва мақомотро фориғбол кард, ки боис ба густариш ёфтани коронавирус шуд.

"ТАБИБЕ ҲАНГОМИ МУОЛИҶАИ БЕМОРОНИ COVID-19 НАФАВТИДААСТ"

Якбора авҷ гирифтани ҳамагири коронавирус дар Тоҷикистон боиси аз курсии вазири тандурустӣ маҳрум шудани Насим Олимзода гашт. Курсии ӯ ба Ҷамолиддин Абдуллозода расид.

Абдуллозода дар нишасти хабарии 24-уми июл иддао кард, ки ягон ҳолати “фавти табибон дар раванди табобати гирифторони коронавирус сабт нашудааст".

Ҷамолиддин Абдуллозода
Ҷамолиддин Абдуллозода

Сухани вазири тозатаъин дар ҳоле садо дод, ки расонаҳо ҳар рӯз аз марги ин ё он табиб аз бемории COVID-19 менавиштанд ва ин буд, ки бисёриҳоро такон дод.

Нусратулло Юсуфбеков, пизишки тоҷик мегӯяд, ба ин гуфтаҳои вазир мутлақо розӣ нест, чун танҳо дар шаҳри Панҷакент панҷ пизишк ҷони худро аз даст доданд. Ӯ гуфт, “Раҳматулло Мирзоолимов, собиқ роҳбари маркази беҳдоштӣ; Пирмаҳмад Миров, пизишк; Абдушукур Расулов, духтури гулӯву гӯшу бинӣ; Сангинёр Қодиров, эҳёгар ва Гулрухсор Бурҳонова, момодоя дар бемористони касалиҳои сироятӣ фавтиданд. Бо ташхиси “илтиҳоби шуш”. Илтиҳоби шуш дар тобистон аз куҷо?" -- иброз дошт ӯ.

“ДАР ТОҶИКИСТОН АДОЛАТИ СУДӢ НЕСТ”

Изҳороти дигаре, ки имсол вокунишҳои зиёд дошт, ба Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқ ва ҳоло зиндонии шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад. Иноятзода рӯзи 20-уми ноябри соли 2020 дар толори додгоҳ ва пас аз маҳкум шудан ба 12 соли зиндон гуфт: “Дар Тоҷикистон адолати судӣ вуҷуд надорад”.

Баҳром Иноятзода, ки моҳи июн аз ҷониби маъмурони амниятӣ боздошт шуд, бар асоси шаш моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла суистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор дониста шуд. Ӯ дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ кор кардааст. Моҳи майи соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуда буд.

Изҳороти Иноятзода дар бораи набудани адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон низ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, “чаро вақте Иноятзода дар сари мансаб буд, чунин гапе намегуфт?”

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Кӣ чӣ гуфт? Иқтибосҳои пурбаҳси 2020 дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00

“МАРДУМ БАРОИ РОҒУН ОВОЗ ДОД”

Дар интихоботи президентии 11-уми октябр, ки кишвару созмонҳои ғарбӣ онро пуррақобат ва мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ эътироф накардаанд, Эмомалӣ Раҳмон пирӯз эълон шуд. Мақомот гуфтанд, зиёда аз 90 дарсади интихобкунандаҳо ба ӯ овоз доданд. Пас аз ду рӯзи пирӯзӣ Раҳмон нахустин сафари даври 5-уми раёсатҷумҳурии худро аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” сар кард.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Вай бунёди ду чархаи аввали Роғунро муҳимтарин дастоварди солҳои ахири раёсаташ донист ва гуфт: “Барои чӣ дар интихоботи президентӣ мардум бори дигар эътиқоду ихлос карда, ба роҳбари худ овоз дод? Барои Роғун!”

Ин изҳороти раисҷумҳур бештар замоне вирди забонҳо шуд, ки “Барқи Тоҷик” бе эълони лимит интиқоли барқро ба хонаҳои мардум маҳдуд кард. Пас аз шурӯи бебарқиҳо бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ суол гузоштанд, ки чаро бебарқӣ, тавре қаблан раисҷумҳур мегуфт, “афсона” нашуд ва дигарбора ба воқеияти рӯз табдил ёфт? “Барқи Роғун куҷо шуд?” низ аз пурсишҳои ба такрори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ буд.

“ДАР ДУШАНБЕ МЕТРО МЕСОЗАМ”

Орзуи метросозии Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалист ва яке аз номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон, ки ҳамагӣ “идорашаванда” ном гирифтанд, низ аз иқтибосҳои пурбаҳси сол буд.

Ӯ дар барномаи интихоботиаш ба мардум чунин ваъда кард, аммо боис ба эҷоди ҳазлу карикатураҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Ҳайрати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ваъдаи ғаримунтазараи Ғаффорзода аз он буд, ки чӣ гуна кишваре, ки садҳо мушкилоти иқтисодӣ дораду беш аз 1 миллион нерӯи кориаш дар хориҷ луқмаи нон меҷӯянд, метавонад метро созад.

XS
SM
MD
LG