Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Педагоги президентшав, вориси Кенҷаев ва метросози Душанбе. Абдуҳалим Ғаффоров кист?


Абдуҳалим Ғаффоров

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров сарфи назар аз шикастҳояш дар маъракаҳои сиёсии гузашта бори дигар дар интихоботи президентӣ иштирок дорад. Ба бовари тарафдоронаш, фаъолияти зиёд дар бахши маориф ва қонунгузорӣ ба ӯ бартарӣ мебахшад ва шонси сиёсияшро афзоиш медиҳад. Мунтақидони Ғаффоров ба нақшбозии шахсияти сиёсии вай ишора мекунанд ва ба ин назаранд, ки иҷозаи даъво барои қудратро ба ӯ худи ҳукумат додааст.

Абдуҳалим Ғаффорови 69-сола, раиси Ҳизби состсиалистии Тоҷикистон, дар муддати хеле кӯтоҳ имзоҳои лозимро барои сабтином дар Кумисюни марказии интихобот ҷамъ овард ва бори сеюм номзад ба мақоми президент шуд.

Пешбарии ӯ ба ин мақом вокуниши вижае дар пай надошт, ба ҷуз аз суолҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки чӣ гуна номзади хеле ношинохта дар як давраи кӯтоҳ метавонад бештар аз 250 ҳазор имзо ҷамъ биоварад.

Абдуҳалим Ғаффоров аз соли 1998 узви Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аст. То соли 2004 раиси созмони ин ҳизб дар шаҳри Душанбе буд ва ҳамон сол дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб раиси он интихоб гардид. "Мо роҳи душвореро гузаштем, то ба ин рӯз расидем. Ҳадафи асосӣ хидматгузорӣ ба мардуми Тоҷикистон маҳз бо роҳи сиёсӣ буд", -- мегӯяд ӯ.

Ба қавли Абдуҳалим Ғаффоров, вақте раҳбари ҲСТ шуд, ин созмон дар марҳилаи фурӯпошӣ қарор дошт, вале бо гузашти солҳо муяссар шуд, ки онро тақвият диҳад ва порлумонӣ кунад. "Ҳоло 21 600 нафар дар дохил ва 9000 нафар дар хориҷ узви ҳизби мо ҳастанд. Ба ҷуз ин, дар ҷумҳурӣ 366 созмони ибтидоӣ дорем", -- изофа кард номзад.

СИЁСАТМАДОРИ МУВАФФАҚ, Ё ГАПШУНАВ?

Вале сарнавишти ҳизби зери раҳбарии ӯро на ҳама ин қадар рӯшан эътироф мекунанд. Ҳизб соли 1999, се моҳ пеш аз интихоботи президентӣ, аз сӯйи сиёсатмадори тоҷик ва додситони пешин Сафаралӣ Кенҷаев таъсис дода шуд.

Ин сиёсатмадори дар миёни рақибони худ бадном ба орзуи худ нарасид ва ҳамон сол ба таври мармуз кушта шуд. Баъд аз чанд соли марги Кенҷаев ҳизб ба ду бахш шуд: ҷиноҳе, ки Мирҳусейн Назриев раҳбарӣ мекард ва қаноте, ки зери раҳбарии Ғаффоров буд. Соли 2004 Вазорати адлияи Тоҷикистон Ғаффоровро раиси расмии ҳизб эътироф кард.

Ба гуфти муҳаққиқи таърихи пасошӯравии Тоҷикистон, Нуриддин Чолов, Ғаффоров харизмаи вижае аз худ нишон надод ва суханвар нест: "Азбаски ӯ бар хилофи тарафдорони дигари Кенҷаев мухолифи мубориза бо ҳукумат буд, ба содагӣ мавриди пуштибонии ҳукумат қарор гирифт. Мақомсозии ӯ дар Академияи илмҳо ва соҳаи маориф маҳз баъд аз ҷудоӣ дар ҳизб оғоз шуд. То ин вақт ӯ як коргари муқаррарӣ буд."

Мирҳусейн Назриев дар яке аз мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ гуфт, ки асноди расмии Ҳизби сотсиалистӣ то кунун дар дасти ӯ қарор доранд ва ӯ худро раиси воқеии ҳизб медонад. "Ҳизберо, ки Ғаффоров раҳбарӣ мекунад, бо ҳизбе, ки замоне Кенҷаев таъсис дода буд, ҳеч иртибот надорад", -- гуфта буд он замон Назриев.

МАҚОМСОЗӢ ВА ЗИНДАГӢ

Абдуҳалим Ғаффоров зодаи шаҳри Панҷакент ва хатмкардаи риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе аст. Ба сифати лаборанти калони шуъбаи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон, корманди кафедраи марксизм-ленинизм ва таърихи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, тарҷумони заводи нуриҳои азотӣ, муовини аввали раиси Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, декани факултаи бозомӯзии кормандон дар назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон кор кардааст. Номзади илмҳои педагогӣ ва аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибдоронаш аз бахши маориф ӯро номзади арзанда бо таҷрибаи қонунгузорӣ ва раҳбарӣ медонанд. “Ғаффоров як шахси бисёр шоиста аст ва тайи солҳои кор дар донишгоҳ худро раҳбари муассире муаррифӣ кард. Дар ҳизб ҳам фазои бисёр озод ва демократӣ ташкил кард”, -- мегӯяд мудири кафедраи забонҳои Омӯзишгоҳи геологӣ Давлатхотун Саидошурова.

БАҲОГУЗОРИҲОИ ГУНОГУН

Дар солҳои 2006 ва 2013 низ Ғаффоров барои курсии президентӣ мубориза кард, вале муваффақиятҳои чашмгире надошт. Дар интихоботҳои порлумонии солҳои 2020, 2015 ва 2020 вакил интихоб шудааст. Дар доираҳои коршиносии мустақил курсии ваколатро барои даъвогарони собиқи қудрат “туҳфаи сардори давлат” барои нишон додани рақобат дар интихоботи президентӣ меноманд.

Дар корзори имсолаи сиёсатмадор дар баробари ваъдаҳои ҳифзи субот, боло бурдани сатҳи зиндагӣ, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо, ҳарфи пурвокуништар ваъдаи бунёди метро дар Душанбе буд, ки онро бисёриҳо талоши ҷалби таваҷҷуҳ ба шахсияти худ аз сӯйи ин номзад номиданд.

Шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, корзори Ғаффоров идорашаванда будани ин номзадро тасдиқ мекунад: “Шиорҳои хандаовари ӯ марбут ба бунёди метро, гирифтани пул барои вуруд ба Душанбе бисёр соддалавҳонаанд. Ин амалкардҳо ӯро наметавонанд ба қудрат бирасонанд, вале бори дигар ивазнашаванда будани раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳанд.”

Интихоботи 11-уми октябр панҷумин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аз соли 1994 аст. Кумисюни марказии интихобот раиси ҷумҳурии амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро пирӯзи ҳамаи чаҳор интихоботи пешин (1994, 1999, 2006 ва 2013) эълон кардааст. Натиҷаи интихоботҳое, ки ҳукуматҳои кишварҳои дӯсти Тоҷикистон демократӣ эътироф карданд, аммо кишварҳову ниҳодҳои ғарбӣ ношаффофу ноодилона номиданд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG