Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Тоҷикистон ҳайати СҶТ меояд. Намояндаи он суоли асосиро зери шубҳа гузошт


Галина Перфилева

Дар ростои сафари як ҳайати махсуси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон намояндаи он дар Душанбе натиҷаҳои кори ташхисгоҳи КОВИД-19-ро зери шубҳа қарор дод.

Зиндагӣ дар Тоҷикистон зоҳиран маҷрои муқаррарӣ дорад, вале дар қабатҳое аз он изтиробу нигаронӣ мавҷ мезанад. Мардум мехоҳанд, ба таъкидҳои он ки "чизе нест" ва "коронавирус то ба мо омада нарасидааст" бовар кунанд. Ин бовар ба онҳо оромиши хотир медиҳад, вале хабарҳои афзоянда аз фавти ин ё он шахс аз пневмония ё илтиҳоби шуш дар дилҳо шубҳаеро меангезад, то куҷо ин руйдодҳо ба вируси корона рабт доранд.

Корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ суолеро ба миён мегузоранд, ки агар ин вирус ба кишвар наомадааст, тарзи ғайриодии дафн ва ҳам карантин шудани ҳама аъзои оилаи шахси бемор ва гоҳе кормандони як коргоҳ барои чист?

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин ҳамаро зарурате дар роҳи эҳтиёт меномад.

"Мо чораҳои пешгириро бисёр боқувват кардем, барои ҳамин баъзеҳо ба шубҳа афтодаанд, ки аниқ коронавирус ҳаст, ки инҳо ҳамин хел карда истодаанд. Агар коронавирус пайдо шавад, чораҳоро боз аз ин сахттар мекунем," - гуфт Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ рӯзи 23-юми апрел ба Радиои Озодӣ.

Ошкор нашудани вируси коронаро дар Тоҷикистон Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ тасдиқ мекунад. Вале ин тасдиқ акнун ба андозаи гузашта қавӣ нест. Галина Перфилева, раҳбари намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон, ки борҳо гуфтааст, "дар Тоҷикистон коронавирус нест", акнун дар мусоҳиба бо "Коммерсант" (22-юми апрел) мегӯяд, ба натиҷаҳои санҷиш дар ташхисгоҳҳои Тоҷикистон мутмаин нест ва "наметавон қотеона гуфт, ки ягон мавриди сироятёбӣ вуҷуд надорад".

"Шаклҳои бе ягон аломати КОВИД-19 ҳам вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигар барои муайян кардани ин нишонаҳо, имкони ба таври оммавӣ анҷом додани ташхисҳои лабараторӣ нест. Ба Вазорати тандурустӣ барои ин кор як озмоишгоҳ ҷудо шудааст. Кормандони ин ниҳод ҳам махсус омӯзиш гирифтаанд ва мо талош дорем ба онҳо кумак расонем", - гуфтааст Перфилева ба “Коммерсант”.

Вай ҳамчунин қатъи парвозҳои байнулмилалиро як сабаби нопурра ва бе санҷиши такрорӣ мондани ташхисҳо номидааст.

Дар ҳамин ҳол, худи созмон рӯзи 23-юми апрел эълом дошт, ки барои рӯшан кардани вазъият ҳайатеро ба Тоҷикистон ва Туркманистон, ду кишвари покмонда аз вируси корона, хоҳад фиристод. Дар ростои ин, намояндаи он аз масъулияти асосӣ доштанаш дар чунин шароит шона холӣ кардааст: "Вазифаи мо кумак ба кишвар аст. Кишвар дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифадор аст, ки дар давоми 24 соати ошкор шудани мавриди сироятёбӣ СҶТ-ро аз он огоҳ кунад. Хеле умед дорам, ки кишвар аз ин талабот огоҳ аст ва онро иҷро мекунад."

Хонум Перфилева шарҳ надодааст, ки оё афзоиши маргумир аз илтиҳоби шуш дар тағйири назари ӯ таъсир дошт ё на, аммо гуфтааст, бе озмоиши саросарии аҳолӣ намешавад, хулосаи бебаҳс баровард.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои суҳбат бо ӯ дар як ҳафтаи ахир бенатиҷа буд ва хабарнигорони он соатҳо пушти дараш нишастанд, вале бо ӯ мулоқот карда натавонистанд. Ба дархостҳои хаттии мусоҳиба низ ӯ посух надод.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нақши намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ изҳори ноқаноатмандӣ карданд ва шаффофияти кори ин созмонро дар Тоҷикистон зери шубҳа қарор доданд.

Донишманди тоҷик Ҳафиз Бобоёров дар ин робита ба дафтари марказии созмон дар Женева нома фиристода, хостори шарҳ шудааст.

Галина Перфилева ёдовар шудааст, ки СҶТ бо ирсоли як нота ё ёддошт ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки аз баргузории ҳама гуна маъракаҳои оммавӣ худдорӣ кунад. Вале мегӯяд ӯ ин созмон таҷрибаи танқиди кишвареро барои риоя накардани тавсияҳояш надорад. Дар ин суханон ба таври рӯшан мешавад дид, ки намояндаи СҶТ, ки қаблан дар паҳлуи ҳукумати Тоҷикистон меистод, акнун худро канор кашидааст ва аз номаи як моҳ пеши худ кумак хостааст.

Аммо таҳлилгари тоҷик, Абдумалик Қодиров, мегӯяд, намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон фақат ба иттилое такя мекунад, ки аз тарафи мақомот пешниҳод мешавад. Ба бовари ӯ, ин созмон ба ҷуз аз бовар кардан ба иттилои Вазорати тандурустӣ илоҷи дигар надорад.

"Чун худи онҳо алоҳида ташхис карда наметавонанд. Рисолати онҳо барояшон иҷозаи дахолат кардан намедиҳад. Ҳузури ҳар як сохтори СММ ва созмонҳои дигари ҷаҳонӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ба ҳукумат вобастааст. Яъне пойбандие доранд ба ҳукумат ва ҳамин фишанг ҳамеша барои фишороварӣ болои ин созмонҳо истифода мешавад. Дар аксар ҳолат намояндаҳои сохторҳои ҷаҳонӣ, ба вижа СММ, аз ироаи фикри мухолиф худдорӣ мекунанд", -- мегӯяд Абдумалик Қодиров

Тағйири нисбии мавзеъгирии созмонро таҳлилгари дигар, Парвиз Муллоҷонов, ба он рабт медиҳад, ки он ҳоло аз ҳар тараф ҳадафи танқид аст ва эҳтимол интиқоди зиёд намояндаи онро дар Тоҷикистон водор ба чунин изҳори назар кардааст.

"Шояд, касе дақиқ гуфта наметавонад, ки ин беморӣ ҳаст, ё не. Бархе аз коршиносон тахмин мезананд, ки як сабаби асосӣ омода набудани низоми тандурустии кишвар ба пешгирӣ аз сирояти ин вабо мебошад. Дар кишварҳои дорои низоми ақибмондаи тандурустӣ чунин падида мушоҳида мешавад", - афзуд Муллоҷонов.

Масъалаи коронавирус ҳоло аз мавзуъҳои доғ дар Тоҷикистон аст ва суолҳои зиёдеро боқӣ гузоштааст.

Аз ҷумла инки тестҳое, ки Тоҷикистон барои муайян кардани беморӣ аз Русия ва Чин гирифт, то куҷо боварбахш ҳастанд? Мақомот қаблан мегуфтанд, ташхисҳои шубҳанокро ба Маскав ва Лондон мефиристанд ва дар онҷо низ манфӣ баромаданд.

Ҳоло Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, бо далели баста будани роҳу парвозҳо ин кор ҳам номумкин шудааст.

Ба ин тартиб, будан ё набудани вируси корона дар Тоҷикистон суоле хоҳад буд, ки танҳо ҳукумати Тоҷикистон метавонад ба он посух диҳад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (19)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG