Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ 22 сол ҳукми зиндони президенти пешини Куриёи Ҷанубиро тасдиқ кард


Додгоҳи олии Куриёи Ҷанубӣ 22 сол ҳукми зиндони президенти пешини ин кишвар Пак Кин Херо тасдиқ кард. Ин сиёсатмадор дар соли 2018 бо айби фасодкорӣ зиндонӣ шуда буд.

Пак Кин Хе соли 2012 ба мақоми президентӣ расида буд. Соли 2016 нисбати вай бо айби ифшои сирри давлатӣ ва фасодкорӣ айб эълом шуд. Баъди эътирозҳои густардаи мардумӣ, порлумон нисбати вай импичмент ё беэътимодӣ эълом кард. Пак Кин Хе соли 2017 боздошт ва нисбаташ бо 18 айб, аз ҷумла сӯистифода аз мақом, тамаъҷӯӣ, фасодкорӣ ва ифшои сирри давлатӣ парванда боз шуд.

Аз соли 1980 ба ин тараф 4 президенти Куриёи Ҷанубӣ бо айбҳои гуногун зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG