Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагони Амрико Доналд Трампро дубора импичмент кард


Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико
Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико

Маҷлиси намояндагони Амрико бори дуввум ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии ин кишвар нобоварӣ ё импичмент эълон кард. Дар таърихи Иёлоти Муттаҳида, Трамп нахустин раиси ҷумҳурест, ки ду бор аз сӯи Маҷлиси намоядагон барояш изҳори нобоварӣ мешавад.

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 13-уми январ бори дуввум Доналд Трампро бо иттиҳоми "таҳрик ба шӯриш" импичмент кард. Аз ин қарор 232 аъзои Маҷлиси намояндагон тарафдорӣ карда, 197 нафар зидди он раъй доданд.

Демократҳо, ки дар Маҷлиси намояндагон бартариро дар даст доранд, Доналд Трампро ба он гунаҳкор мекунанд, ки тарафдоронашро барои ҳамла ба бинои Капитол дар рӯзи 6-уми январ таҳрик додааст. Дар натиҷаи ин ҳамла 5 нафар аз ҷумла як афсари пулис кушта шуданд.

Аз эълони нобоварӣ ба Доналд Трамп на танҳо демократҳо, балки чанд узви Маҷлиси намояндагон аз ҳизби ҷумҳурихоҳ низ ҳимоят кардаанд.

То поёни маъмурияти Доналд Трамп ҳамагӣ як ҳафта мондааст
То поёни маъмурияти Доналд Трамп ҳамагӣ як ҳафта мондааст

Маҷлиси намояндагони Амрико баъд аз он дар пайи импичменти Трамп шуд, ки муовини президент Майк Пенс ба дархости демократҳо барои истифода аз банди 25-уми Конститутсияи Амрико посухи рад дод. Бар асоси ин банди қонуни асосӣ, муовини раиси ҷумҳур ва кобинаи давлат дар сурати аз уҳдаи вазифаҳои худ набаромадани раиси ҷумҳур, метавонанд муовинашро ҷойгузини ӯ кунанд.

Як рӯз пеш Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Майк Пенс муҳлат дода буд, ки агар Трампро барканор накунад, ҷараёни импичментро ба роҳ мемонад.

Рӯзи чаҳоршанбе Пелоси аз Доналд Трамп интиқод карда, ӯро ба "таҳрик"-и афрод ба "шӯриши мусаллаҳона" айбдор кард. Пелоси, Доналд Трампро "хатари ошкоро” ба кишвар донист ва гуфт, ки "ӯ бояд биравад".

Аммо баъзе намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба монанди Ҷим Ҷордан талоши демократҳоро барои импичменти Трамп танқид карданд.

Баъд аз тасвиби эълони нобоварӣ дар Маҷлиси намояндагони Амрико акнун бояд Сенати он кишвар тасмим бигирад, ки Трамп барканор шавад ё дар мақомаш бимонад. Дар гузашта Сенат, ки феълан дар дасти ҷумҳурихоҳон аст зидди барканории Трамп раъй дода буданд.

Маҷлиси намояндагони Амрико дар ҳоле дубора ба Доналд Трамп изҳори нобоварӣ кард, ки то поёни ҳукумати ӯ ҳамагӣ як ҳафта мондааст. Қарор аст рӯзи 20-уми январ Ҷо Байден ба ҳайси раиси ҷумҳури Амрико савганд ёд карда, корашро дар Кохи Сафед оғоз кунад.

Ин бори дуввум аст, ки Маҷлиси намояндагон ба Доналд Трамп изҳори нобоварӣ эълон мекунад. Бори аввал моҳи декабри соли 2019 Маҷлиси намояндагони Амрико ба Трамп эълони нобоварӣ кард, вале Сенат ин қарорро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG