Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобоварии Маҷлиси Намояндагони Амрико ба Доналд Трамп


Вакилони Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи 18-уми декабр ба тарафдорӣ аз импичмент ё изҳори нобоварӣ ба президенти он кишвар Доналд Трамп, раъй доданд. Дар идомаи ин раванд, акнун Сенати он кишвар бояд тасмим бигирад, ки оқои Трамп барканор шавад ё дар мақомаш бимонад.

Изҳори нобоварӣ ё импичмент - равандест, ки аз сӯи Қонуни Асосии ИМА барои барканории президент пешбинӣ шудааст. Ба президент барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба "хиёнат ба давлат, фасодкорӣ ё дигар ҷиноятҳои вазнин", изҳори нобоварӣ эълом мешавад. Нисбати Трамп ду айб - сӯистифода аз мақом ва монеи таҳқиқоти Конгресс шудан, эълом гардидааст.

Тафтиши имкони изҳори нобоварӣ ба Трамп пас аз як сӯҳбати телефонии ӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский оғоз шуд. Демократҳои Маҷлиси Намояндагони ИМА гуфтанд, ки Трамп дар сӯҳбати телефонии моҳи июли соли равон ба Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кӯмакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп мегӯяд, фишор наовардааст. Яке аз иттиҳомҳои дигар зидди Трамп ба худдории ӯ аз иштирок дар раванди тафтишот марбут аст. Кохи Сафед додани шоҳидии як қатор кормандони калидии худро дар ин замина манъ карда буд.

Дар баррасиҳои рӯзи 18-уми декабр дар Маҷлиси Намояндагони Амрико, моддаи аввали импичмент бо 230 раъй дар муқобили 197 раъй ва моддаи дувум бо 229 раъй дар баробари 198 раъй қабул шуд. Маҷлиси Намояндагони Амрико аз нимарӯзи чаҳоршанбе машғули баҳс дар мавриди импичменти президент буд.

Доналд Трамп, 45-умин президенти Амрико, дар ҳоли ҳозир севумин раиси ҷумҳур аст, ки дар таърихи ИМА аз сӯи Маҷлиси Намояндагон муҳокима мешавад. Дар таърихи Амрико фақат ду раиси ҷумҳур -- Андрев Ҷонсон ва Билл Клинтон, ба чунин муҳокима ва пурсиш рӯбарӯ шудаанд. Вале дар идомаи муҳокимаҳо, Маҷлиси Сенат ҳеҷ яке аз онҳоро барканор накард.

Ҳамзамон бо таҳаввулоти нав, Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар яке аз иёлатҳои он кишвар гуфт, демократҳо дар талош ҳастанд, то раъйи додашуда аз сӯи даҳҳо миллион амрикоии ватанпарастро ботил кунанд". Ишораи оқои Трамп ба раъйҳое аст, ки ба пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии соли 2016 анҷомид.

Трамп қаблан раванди таҳқиқот дар нисбати худро ба "ҳисоббаробаркунии сиёсӣ" монанд карда буд ва ҳайатҳои машғули таҳқиқот дар Конгрессро низ муттаҳам кард, ки дар як "додгоҳи намоишӣ" машғули шунидани изҳороти шоҳидон ҳастанд.

Дар қонунҳои Амрико тарҳи импичмент ё изҳори нобоварӣ ба монанди "эъломи ҷурм" аст. Ҳоло раванди боқимондаи импичмент, ки ҳамчун раванди як додгоҳ аст, дар маҷлиси 100-нафараи Сенат оғоз хоҳад шуд. Интизор меравад ҷаласаи Сенат дар ин маврид моҳи январ оғоз шавад.

Барои барканории раиси ҷумҳури Амрико бояд аз се ду ҳиссаи сенаторҳо раъй бидиҳад. Аз онҷо, ки ҷумҳурихоҳон аксариятро дар Сенат дар ихтиёр доранд, интизор меравад оқои Трамп бегуноҳ эълон шавад.

XS
SM
MD
LG