Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс пирӯзии Ҷо Байденро дар интихобот тасдиқ кард


Ҷо Байден рӯзи 6-уми январ ҳамла ба Конгрессро сахт маҳкум кард.

Вакилони мардумии Амрико дар ҷаласаи муштарак дар Конгресс натиҷаҳои орои ҳайатҳои интихоботиро тасдиқ карданд ва ҳамингуна Ҷо Байден пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 3-уми ноябр эълон шуд.

Тасдиқи оро расмиёти охирини интихоботи Амрико буд ва ҳамингуна иҷоза медиҳад, ки Ҷо Байден ва муовини баргузидаи ӯ Камала Ҳаррис рӯзи 20-уми январ расман савганд ёд кунанд. Аз ҳисоби ҳайатҳои интихоботӣ Ҷо Байден 306 раъй ва Доналд Трамп 232 раъй ба даст овардаанд.

Мухолифати теъдоде аз вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои тасдиқи орои ҳайатҳои интихоботӣ аз баъзе иёлатҳо аз тарафи Сенат ва Маҷлиси намояндон бо раъйи аксарият рад шуд. Беназмӣ ва вайронкории издиҳоми тарафдорони Трам дар дохили бинои Капитол ҷаласаи вакилонро барои муддате ба ҳам зад. Як занро дар дохили бинои порлумон тир заданд ва у чанде баъд фавтид. Издиҳом ба дохили толори ҷаласаи порлумон ворид шуд ва маъмурони амниятӣ маҷбур шуданд, ки вакилону дастёронашонро ба ҷойи амн баранд.

Матбуоти Амрико гузориш дод, зане, ки фавтид яке аз тарафдорони ашаддии Трамп буд, як сарбози собиқадори артиш ва нерӯҳои ҳавоии Амрико будааст. Пулиси Вашингтон гуфт, се нафари дигар ҳангоми беназмиҳо ва бар асари “мушкилоти тиббӣ” фавтидаанд ва 52 нафарро, ки дар ошӯб ширкат карданд, дастгир кардаанд.

Чанд соат баъд аз онки мақомот гуфтанд, бинои порлумон амн ва зери назорат аст, вакилони Конгресс барои тасдиқи пирӯзии Байден ҷаласаро идома доданд. Баъди ошӯбу вайронгарӣ ҳолу ҳавоси вакилон тағйир ёфт ва маълум шуд, ки дигар мухолифати вакилони тарафдори Трамп ба пирӯзии Ҷо Байден ба ҷое намерасад ва аз тарафи аксарият, аз ҷумла худи ҷумҳурихоҳон рад карда мешавад.

Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ки ҷаласаи Конгрессро назорат мекард баъди бозгашт ба ҷаласа гуфт: “Онҳое, ки имрӯз дар Капитол вайронгарӣ карданд, пирӯз намешаванд.”

Чаҳордаҳ вакили Сенат палатаи болои порлумон ва бештар аз 100 вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнӣ ба тарҳи қабул накардани натиҷаҳои оро дар баъзе иёлат таъкид мекарданд. Баъд аз ошӯбу вайронгарии тарафдорони Трамп, теъдоде аз онҳо назари худро тағйир доданд ва дигар ҳеҷ шансе барои напазируфтани орои баъзе аз иёлатҳо намонд.

Вокунишҳо ба нооромиву зӯроварӣ дар бинои Капитол вокуниши тезутунди аъзои ҳарду ҳизбро ба бор овард ва Митт Ромни сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, як мухолифи Трамп, гуфт, ки вайронгарӣ бо айби раиси ҷумҳур сурат гирифтааст.

Ӯ дар ҷаласаи Конгресс гуфт: “Мо инҷо барои обрӯи латмахӯрдаи як марди худхоҳ ҷамъ омадаем. Хашми тарафдороне, ки ӯ ду моҳи ахир ба онҳо дониста иттиллои бардурӯғ медод, сабаби чунин амалкард дар субҳи имрӯз шуд. Ончӣ ки рух дод, як ошӯбе буд, ки раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида барангехт.”

Баъди шумориши оро ва тасдиқ дар Конгресс, Доналд Трамп бо нашри як баёнияе дигарбора иддаоҳои беасосашро дар бораи тақаллуб дар интихобот такрор кард, вале ваъда дод, ки ҳукуматро ба дасти Байден оромона месупорад.

Ӯ гуфт: Бо вуҷуди онки ман аз натиҷаҳои интихобот комилан норозиам ва воқеиятҳо онро собит мекунанд, бо вуҷуди ин гузариши қудрат дар рӯзи 20-уми январ муназзам хоҳад буд.”

Ҳамла ба Капитол нуқтаи авҷи ихтилоф ва баёнияҳои барангезанда дар бораи интихобот буд, ки раиси ҷумҳур пайваста мегуфт, дар интихобот тақаллуб шудааст ва аз тарафдоронаш мехост, дар беэътибор кардани натиҷаҳои интихобот ба ӯ кумак кунанд.

Ҳарҷу марҷ ҳам чанд соат баъд аз сурат гирифт, ки Доналд Трамп дар назди тарафдоронаш дар Кохи Сафед суханроние кард ва аз онҳо хост, ба самти Капитол раҳпаймоӣ кунанду хашми худро аз ҷараёни интихобот баён намоянд. Ӯ ба тарафдоронаш гуфт, ки ба мақомоти интихоботӣ фишор биёранд ва “биҷанганд” то натиҷаҳоро беэътибор кунанд.

Доналд Трамп то кунун ҳеҷ гуна далели собите дар бораи қонуншиканиву тақаллуб дар интихобот нишон надодааст ва даҳҳо шикояти ӯ дар бораи интихоботро додрасҳо, ки баъзеҳоро худаш таъйин кардааст, беасос номида, рад кардаанд.

Баъди вайронагиру ошӯб дар назди Капитол дар Вашингтон то субҳи 7-уми январ қуюди шабгардӣ эълон карданд. Кӯчаҳои атрофи он ором буд. Аммо вазъ чанд соат пеш вазъ комилан дигар буд, издиҳоми тарафдорони Трамп садҳои амниятиро рахна карда, ба бинои Капитол ворид шуданд, ки онҷо вакилон орои ҳайатҳои интихоботиро мешумурданд.

Маъмурони пулис маҷбур шуданд, аслиҳаи худро берун кашанд, чун ошӯбгарон тирезаҳоро шикастанд ва вакилон маҷбур шуданд, зери курсиҳо пинҳон шаванд. Дар саҳни Капитол ҷанҷолу задухӯрд сурат гирифт ва барои муқовимат ба издиҳом аз гази ашковар истифода бурданд.

Майк Пенс, ки ҷаласаро назорат мекард, ба ҷойи амн бурда шуд ва як нафар аз тарафдорони Трамп ба минбари Сенат рафт ва фарёд кашид, ки “Трамп дар интихобот пирӯз шудааст.”


Ҷо Байден дар як муроҷиати телевизионӣ аз Вашингтон гуфт, амалкарди издиҳоми тарафдорони Трамп ҳамла ба “демократия дар Амрико“ аст. Баъди суханронии Байден, Трамп кори чандоне барои ором кардани вазъ анҷом надод. Ӯ дигарбора иддаои беасоси тақаллуб дар интихоботро такрор кард, вале аз издиҳом хост, ки Капитолро тарк кунанд. Ӯ гуфт: “Шумо бояд ба хона равед, мо бояд оромӣ дошта бошем.”

Твиттер баъдан гуфт, ки саҳифаи Доналд Трампро барои 12 соат бастааст ва афзуд, ки агар ӯ чанде аз навиштаҳояшро, ки зӯроварӣ бармеангезад, саҳифаро комилан мебандад. Айни замон Фейсбук ҳам видеои Доналд Трампро пок кард, чун ба гуфтаи Фейсбук хушунат бармеангезад.

Зӯроварӣ дар Капитол на танҳо Амрико, балки кишварҳои дигари ҷаҳонро ваҳшатзада кард, ки Иёлоти Муттаҳидаро “гавҳораи демократия” мешуморанд. Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон ба тарафдорони Трамп гуфт, “ҷаҳидан дар болои арзишҳои демократиро” бас кунанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG