Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар беназмиҳо дар Вашингтон 4 нафар ҳалок шудаанд


Маъмурони пулис барои пароканда кардани издиҳоми тарафдорони Доналд Трамп аз гази ашковар истифода бурданд.
Маъмурони пулис барои пароканда кардани издиҳоми тарафдорони Доналд Трамп аз гази ашковар истифода бурданд.

Пулиси шаҳри Вашингтон гуфт, ҳангоми ҳамлаи издиҳоми тарафдорони раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба бинои порлумони Амрико чаҳор нафар ҳалок шудаанд. Ҳамла дар замоне сурат гирифт, вакилони мардумӣ натиҷаҳои интихоботи моҳи ноябрро тасдиқ мекарданд, ки дар он Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ пирӯз шуд.

Роберт Конти, раиси Идораи пулиси Вашингтон рӯзи 7-уми январ бо ишора ба марги 3 нафар гуфт: “Мо сабаби марги онҳоро намедонем, шояд ягон навъ мушкили сиҳатиашон бошад.” Нафари чаҳорум, ки дар дохили бинои Капитол маҷруҳ шуд, фавтидааст.

Роберт Конти гуфт, дар робита ба беназмӣ дар дохили бинои порлумони амрико 52 нафарро дастгир кардаанд. Дар маҳалҳои наздик ба ҳодиса, аз ҷумла дафтари Ҳизби демократ ва ҳам Ҳизби ҷумҳурихоҳ абзорҳои тарканда пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG