Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагон аз муовини Трамп посухи манфӣ гирифт, акнун кори дигар мекунад


Доналд Трамп дар назди девор дар сарҳади Амрикову Мексика.
Доналд Трамп дар назди девор дар сарҳади Амрикову Мексика.

Маҷлиси намояндагони Амрико, ки раиси ҷумҳур Доналд Трампро ба барангехтани ба ҳуҷум ба бинои Конгресс муттаҳам медонад, барои эълони нобоварӣ ба ӯ дар рӯзи 13-уми январ омодагӣ мегирад.

Рафтори Трамп ва талоши Маҷлиси намояндагон барои эълони нобоварӣ ҷудоӣ дар дохили Ҳизби ҷумҳурихоҳро амиқтар кардааст. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳур рӯзи 12-уми январ гуфт, ки дархости вакилони мардумӣ барои иҷрои иловаи 25-ум ба Конститутсияи Амрикоро амалӣ намекунад, ки бар ӯ ҳақ медиҳад, раиси ҷумҳурро барои нотавонӣ дар иҷрои вазифаҳояш аз мақом барканор намояду масъулиятҳои ӯро худаш иҷро кунад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон пештар аз ин бо судури як қароре аз Майк Пенс хостанд, ки барои нақши Доналд Трамп дар барангехтани ҳарҷу марҷ дар бинои Конгресс иловаи 25-умро амалӣ кунад. Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки агар Майк Пенс, Трампро аз мақомаш барканор накунад, вакилон рӯзи 13-уми январ ба ӯ эълони нобоварӣ мекунанд.

Майк Пенс дар номае ба Пелоси навиштааст: “То поёни маъмурияти раиси ҷумҳур 8 рӯзи дигар мондааст ва шумову вакилони демократ талаб доранд, ки ҳукумат ва ман, иловаи 25-умро амалӣ кунам. Ба бовари ман ин роҳи пешгирифта, ба нафъи миллат ва мутобиқ ба Конститутсияи мо нест.”

Қасди демократҳо барои эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳур баробар ба эълони иттиҳоми “барангехтани ошӯб” аст. Ӯро ба барангехтани издиҳом барои ҳуҷум ба бинои Конгресс муттаҳам мекунад, ки дар натиҷаи он 5 нафар аз ҷумла як афсари пулис кушта шуданд.

Кевин Макарфи, раиси вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагон, ки худаш мухолифи эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳур аст, бино ба гузоришҳо ба ҳамҳизбонаш иҷоза медиҳад, ки на бар тибқи хостаи ӯ, балки мустақилона раъй бидиҳанд, чун ба сабаби ҳуҷум ба Конгресс ихтилофоти назар дар байни ҷумҳурихоҳон бисёр зиёд шудааст.

Кевин Маккарфи, яке аз шарикони наздиктарини Доналд Трамп дар Конгресс аст, ки мегӯянд, “эълони нобоварӣ дар ин замон баръакс бар зиёни ваҳдат дар кишвар аст”.

Айни замон интизор меравад, ки даҳҳо нафар аз вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагон аз ҷумла Лиз Чейни, саввумин вакили бонуфузи ҷумҳурихоҳон ба тарафдории эълони нобоварӣ ба Доналд Трамп рой диҳанд. Ӯ рӯзи 12-уми январ дар як баёнияи расмӣ гуфт, “Трамп издиҳомро даъват кард, ҷамъ овард ва оташи ҳуҷумро барафрӯхт.”

Дар Вашингтон барои таъмини амният дар рӯзи маросими адои савганди Ҷо Байден ҳазорон сарбози Горди миллиро сафарбар кардаанд.
Дар Вашингтон барои таъмини амният дар рӯзи маросими адои савганди Ҷо Байден ҳазорон сарбози Горди миллиро сафарбар кардаанд.

Лиз Чейни гуфт, ки Трамп метавонист, монеи ҳуҷуми тарафдоронаш ба Конгресс шавад, вале ин корро накард. Ҳарчанд қарори эълони нобоварӣ дар Маҷлиси намояндагон қабул мешавад, аммо дар Сенат палатаи болоии Конгресс шояд ройи зарурии вакилонро ба даст наорад, чун дар он аксариятро ҷумҳурихоҳон ташкил медиҳанд.

Пештар аз ин дар рӯзи 12-уми январ Доналд Трамп гуфт, ки дар ҳуҷум ба Конгресс нақше надорад ва эълони нобоварӣ ба ӯ, мисли таъқиби як “фарди бегуноҳ” аст. Трамп ба хабарнигорон гуфт, ки барканор кардани ӯ “сабаби хатари азим ба кишвари мо мешавад ва хашми азиме бармеангезад.”

Ӯ афзуд, ки “Ман ҳеҷ хушунате намехоҳам.” Ҳангоми боздид аз девор дар сарҳади Амрикову Мексика Доналд Трамп гуфт: “Ҳоло фурсати сулҳу оромӣ ва шифо барои миллати мо расидааст.”

Рӯзи 6-уми январ пеш аз ҳуҷуми издиҳоми тарафдоронаш ба бинои Конгресс Доналд Трамп дар ҳузури онҳо суханронии “оташине” дошт ва иддаоҳои беасосаш дар бораи тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро такрор карду гуфт, ки пирӯзиро аз ӯ дуздиданд. Суханрониву ҳуҷум дар замоне сурат гирифт, ки вакилони Конгресс дар ҷаласаи муштарак орои ҳайатҳои интихоботӣ ва пирӯзии Ҷо Байденро тасдиқ мекарданд.

Чунин ҳодиса дар таърихи муосири Амрико дида нашудааст ва Иёлоти Муттаҳидаву ҷаҳонро ваҳшатзада кард. Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико гуфтааст, ки мумкин аст, ки 20-уми январ рӯзи маросими адои савганди Ҷо Байден дар саросари Иёлоти Муттаҳида “тазоҳуроти мусаллаҳона” сурат бигирад. Трамп, ки гуфтааст, дар ин маросим ширкат намекунад, то кунун шикаст дар интихоботро эътироф накардааст.

Дар байни нигарониҳо аз такрори хушунат дар рӯзи маросими адои савганд, фармондеҳони артиши Амрико бо нашри як ёддоште дар байни сарбозон гуфтаанд, ки ҳуҷум ба бинои Конгресс зиддидемократӣ, ҷиноят буд ва озодии баён ба касе ҳақ надодааст, ки ба зӯроварӣ рӯ биёрад. Дар ин ёддошт ба сарбозон гӯшзад кардаанд, ки Ҷо Байден, қонунӣ раиси ҷумҳури ояндаи Амрико интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG