Президенти ИМА Доналд Трамп дар Вашингтон вазъи фавқулода эълом карда, дастур дод, барои ҳифзи тартибот дар арафаи маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ин кишвар, ки 20-уми январ баргузор мешавад, нерӯҳои федеролии иловагӣ сафарбар шаванд.
Ҳолати изтирорӣ аз 11 то 24-уми январ давом хоҳад кард. Дар ин бора Кохи сафед баъди нигарониҳо аз таҳдидҳои амниятӣ дар ҷараёни интиқоли қудрат ба президенти нави ИМА Ҷо Байден хабар дод.
Мақомоти маҳаллии Вашингтон рӯзи 6-уми январ, баъди ҳамлаи ҷонибдорони Трамп ба бинои Конгресс вазъи изтирорӣ эълом намуда буданд.
FBI – Бюрои федеролии таҳқиқот аз эҳтимоли дар остонаи маросими савгандёдкунии президенти мунтахаб Ҷо Байден дар таърихи 20-уми январ сар задани “эътирозҳои мусаллаҳона” дар саросари кишвар огаҳ кард. Дар як бюллетени ин оҷонсӣ, ки рӯзи 11-уми январ дастраси матбуот шуд, омадааст, ки дар 50 аёлат ва ҳам назди бинои Капитол “эътирозҳои мусаллаҳона” пешбинӣ шудааст.
Дар аксар иёлоти ИМА, ба истиснои пойтахт - шаҳри Вашингтон ошкоро нигаҳ доштани силоҳ қонунӣ ҳисоб мешавад. Огаҳӣ аз эътирозҳои сартосарии эҳтимолӣ, ки таърихи 16 то 20-уми январро фаро мегиранд, дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаи гузашта издиҳоми хушунатомез ба бинои Капитол ҳамла кард. Дар ин ҳодисаҳо, ки баъди иттиҳоми беасоси президент ИМА Доналд Трамп дар бораи тақаллуб шудани натиҷаҳои интихоботи президентӣ сар зад, панҷ нафар кушта шуд.
FBI инчунин гуфтааст, ки дар бораи даъвати гурӯҳе ба ҳамлаи биноҳои ҳукумати марказиву маҳаллӣ ва додгоҳҳо хабар дарёфт кардааст. Ба навиштаи ин ниҳод, таҳдиди ҳамла дар сурате будааст, ки агар президент Трамп пеш аз анҷоми муҳлаташ аз мақомаш барканор шавад.