Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико Доналд Трампро сафед кард. ВИДЕО


Аксарияти намояндагони Сенати Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми феврал зидди барканории Доналд Трамп аз мақоми президентӣ раъй доданд. Ба ин тартиб, оқои Трамп, ки бо ду банд -- "сӯистифода аз мақом" ва "монеъ шудан ба кори Конгресс" муттаҳам мешуд, табриа ё сафед шуд.

Дар раъйдиҳӣ барои иттиҳоми "сӯистифода аз мақом", 52 намояндаи ҷумҳурихоҳи Сенат раъйи мухолиф доданд ва 48 тани дигар аз он пуштибонӣ намуданд. Дар миёни онҳое, ки барканории Трампро хостор шуданд, танҳо як ҷумҳурихоҳ - номзади пешин ба мақоми президентии ИМА дар соли 2012 Митт Ромнӣ буд. Ягон демократ, ҳатто Ҷо Манчин, ки дар як қатор масоил аз Трамп ҳимоят мекард, ба ҷонибдории президент раъй надод.

Банди дувум низ бо 47 раъйи ҷонибдору 53 раъйи мухолиф рад карда шуд. Барои изҳори нобоварӣ ба Трамп бояд аз се ду ҳисаи аъзои Сенат раъй медоданд. Аксари аъзои Сенатро ҷумҳурихоҳон, ҳамҳизбони Доналд Трамп ташкил медиҳанд. Ҷумҳурихоҳон 53 курсӣ аз 100 курсии Сенатро дар ихтиёр доранд.

Сенати Амрико Доналд Трампро сафед кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Ин барои бори саввум дар таърихи Амрико буд, ки раванди нобоварӣ ба президент дар Сенати он кишвар раъй меоварад. Дар ҳар се маврид ин раванд бо сафед шудани раиси ҷумҳури Амрико анҷом ёфтааст.

Тафтиши имкони изҳори нобоварӣ ба Трамп пас аз як сӯҳбати телефонии ӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский оғоз шуд. Демократҳои Маҷлиси Намояндагони ИМА гуфтанд, ки Трамп дар сӯҳбати телефонии моҳи июли соли гузашта ба Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кӯмакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп гуфт, фишор наовардааст. Яке аз иттиҳомҳои дигар зидди Трамп ба худдории ӯ аз иштирок дар раванди тафтишот марбут буд.

Доналд Трапм чанд лаҳза пас аз раъйи Сенат, дар паёми твиттерӣ ба ин тасмими палатаи болоии Конгресс вокуниш нишон дод. Ӯ навишт, "фардо 12:00-и зӯҳр аз Кохи Сафед баёнияе қироат хоҳам кард, ки мавзӯи он баҳс дар бораи пирӯзии кишвари мо дар иртибот бо изҳори нобоварии сохтагӣ аст".

Раиси Ситоди интихоботии Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2020 пас аз раъйи Сенат дар баёнияе гуфтааст, ки "Сенат ба таври комил Доналд Трампро сафед кард ва акнун замони он фаро расидааст, ки дубора ба хизмати мардуми Амрико камар бибандем".

Чак Шумер, раҳбари демократҳо дар Сенати Амрико ҳам табриа ё сафед шудани Трампро "беарзиш" хонда ва гуфтааст, ки раъйи Сенат, натиҷаи муҳокимаи ноодилона буд. Вай аз ин раванд дар Сенат ва даъват нашудани шоҳидон дар ин парванда интиқод кард.

Баррасии қазияи нобоварӣ ба Доналд Трамп дар Сенати Амрико аз рӯзи 22-юми январ оғоз шуда буд.

Дар таърихи Амрико фақат ду раиси ҷумҳур -- Андрев Ҷонсон ва Билл Клинтон, ба чунин муҳокима ва пурсиш рӯбарӯ шудаанд. Вале дар идомаи муҳокимаҳо, Маҷлиси Сенат ҳеҷ яке аз онҳоро барканор накард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG