Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Қазоқистон ҳизби ҳокими "Нур Отан" пешсаф аст


Пулис дар Қазоқистон ширкатдорони эътирозҳоро боздошт мекунад
Пулис дар Қазоқистон ширкатдорони эътирозҳоро боздошт мекунад

Ҳизби "Нур Отан", ки аз сӯи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев идора мешавад, дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе пешсаф шудааст.

Бино ба пурсиши институти қазоқистонии "Афкори ҷамъиятӣ", ҳизби ҳокими "Нур Отан" на камтар аз 70 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудааст.

Эҳтимол дорад, ду ҳизби дигар - "Ак жол" ва "Мардумӣ" (Комунистии пешин) вориди порлумон шаванд. Ин ду ҳизби вафодори ҳукумат дар порлумони пешини Қазоқистон низ шомил буданд. Ҳузури мардум дар интихобот 63 дарсади аҳолии қобили раъй унвон мешавад.

Ин нахустин интихоботи порлумонӣ баъди аз сари қудрат рафтани Нурсултон Назарбоев ва президент шудани Қосимҷомарт Тоқаев дар соли 2019 аст. Неруҳои мухолифин дар интихобот ширкат накарданд. Дар рӯзи раъйдиҳӣ - якшанбеи 10 январ - дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон ва дигар минтақаҳо чанд иқдоми эътирозӣ бо даъвати бойкот кардани интихобот баргузор шуд. Даҳҳо тан аз ширкатдорони эътирозҳоро боздошт ва баъдтар раҳо карданд. Гуфта мешавад, нозирон ба қитъаҳои раъйдиҳӣ роҳ дода нашуданд. Мақомот ҳеч ҳолати қонуншиканиро сабт накардаанд.

Нозирони байналхалқӣ интихоботҳои пешини Қазоқистон озоду шаффоф эътироф накардаанд.

XS
SM
MD
LG