Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиер Карден, тарроҳи машҳури фаронсавӣ дар 98-солагӣ фавтид


Пиер Карден
Пиер Карден

Пиер Карден, тарроҳи машҳури фаронсавӣ, ки беш аз шаш даҳа дар олами муд пешқадам буд, дар 98-солагӣ даргузашт. Наздиконаш рӯзи 29-уми декабр гуфтанд, ӯ дар шифохонае дар наздикии Париж (Порис) ҷон дод.

Карден соли 1922 дар Итолиё зода шуда, дар Фаронса бузург шудааст. Вай то он ки соли 1950 хонаи муди худро дар Париж фаъол кунад, дар ширкатҳое ба монанди "Dior" кор кардааст.

Пиер Карден соли 1992 вориди Академияи ҳунарҳои зебои Фаронса шуд.

Номи Пиер Кардин ва либосҳояш дар Тоҷикистон ҳам машҳур аст. Модели тоҷик Парвина Саидова (Парӣ) соли 2017 гуфта буд, ки ӯро ба ҷашни 95-солагии Пиер Карден даъват кардаанд, аммо ба хотири издивоҷаш аз ин сафар даст кашид.

Даъвати модели маъруфи тоҷик ба Фаронса баъди пирӯзияш дар озмуни “Маликаи зебоии ҷаҳон” (Miss World Beauty) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар моҳи ноябри соли гузашта имконпазир шуда буд.

XS
SM
MD
LG