Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвина Саидова ба ҷашни Пиер Карден даъватномаи расмӣ гирифтааст


Парвина Саидова
Парвина Саидова

Парвина Саидова (Парӣ), модели 28-солаи тоҷик, барои иштирок дар ҷашни 95-солагии тарроҳи маъруфи фаронсавӣ Пиер Карден даъватномаи расмӣ дарёфт кардааст. Вай рӯзи 18 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сафараш ба Фаронса моҳи июли имсол дар нақша аст. "Аз Тоҷикистон танҳо ман даъват шудаам. Вале аз кишварҳои дигар намояндагон ҳастанд", - гуфт ӯ. Парвина Саидова афзуд, вай барои як моҳ ба Фаронса даъват шудааст ва ният дорад, ки дар ин муддат бо Пиер Карден аз наздик ошно шуда, бо тарроҳони дигар низ дӯстӣ намояд. Ин сафари модели маъруфи тоҷик ба Фаронса баъди пирӯзияш дар озмуни "Маликаи зебоии ҷаҳон" (Miss World Beauty) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар моҳи ноябри соли гузашта имконпазир шудааст. Парвина Саидова соҳиби се духтар ва ду писар буда, фарзанди хурдиро замоне таваллуд кард, ки ҳамагӣ 24 сол дошт.

Парвина Саидова - модари серфарзанд ва модели № 1:

Парвина Саидова - модари серфарзанд ва модели № 1
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

XS
SM
MD
LG