Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили рус пешниҳод кард, ки парвозҳо ба Русия қатъ шавад


Яке аз фурудгоҳҳои Русия
Яке аз фурудгоҳҳои Русия

Вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод доранд, ки бинобар пайдо шудани шакли нави коронавирус Русия муввақатан парвозҳоро ба ҳамаи кишварҳои хориҷӣ манъ кунад.

Чунин муроҷиатро Иван Сухарев, вакили рус ба нахуствазир Михаил Мишустин ироа доштааст. Сухарев мегӯяд, боздоштани парвозҳо барои ҷилавгирӣ аз шакли нави коронавирус, ки дар Британия ошкор шудааст, зарур аст.

Намуди нави коронавирус бо суръати баланд паҳн мешавад.

Ҳоло Русия парвозҳояшро бо Лондон қатъ кардааст. Русия дар пайи пандемияи КОВИД-19 аз 27-уми март парвозҳои байналмилалиро манъ карда, дар моҳи август марзҳояшро бо тадриҷ боз намуд. Байни Тоҷикистону Русия ҳарими ҳавоӣ барои анҷоми парвозҳои доимӣ то ҳанӯз баста аст ва танҳо тавассути парвозҳои ғайринақшавӣ мусофирон интиқол дода мешаванд.

Пешниҳоди вакили рус барои қатъи парвозҳо ба парвозҳои чартерӣ низ дахл дорад, ё не маълум нест.

XS
SM
MD
LG