Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти нав алайҳи Йозеф Блаттер, собиқ президенти FIFA


Йозеф Блаттер, собиқ президенти FIFA дар соли 2015
Йозеф Блаттер, собиқ президенти FIFA дар соли 2015

Федератсияи байналмилалии футбол ё FIFA алайҳи собиқ президенти ин созмон Йозеф Блаттери 84-сола як шикояти наве кардааст, ки ба моликияти осорхонаи Тсюрих рабт мегирад. Дар изҳороти рӯзи 22-юми декабр омадааст, ки баъди ошкор шудани “мавридҳои зиёди муомилаҳои ҷиноӣ бо мақомоту ширкатҳои мухталиф тасмим шуд, ки ба як додситонии шаҳр шикояти расмӣ бурда шавад”.

FIFA гуфт, ки дар шикояти онҳо гуфта мешавад, ки Блаттер ва нафарони дигар дар осорхонае, ки соли 2016 боз шуд, мудохилаи мустақим доштанд. Ҳуқуқшиноси Блаттер вуҷуди муомилаҳои ҷиноиро комилан рад карда беасос номидааст.

FIFA гуфт, ки маъмурияти Блаттер 500 миллион франки швейсариягиро (муодили 565 миллион доллар), ки бояд барои рушди футболи ҷаҳонӣ равона мешуд, барои осорхона сарф кардааст. Гуфта мешавад, ки 140 миллион франк (158 миллион доллар)-и он барои “биное сарф шуд, ки соҳибаш FIFA нест” ва 360 миллион франк (407 миллион доллар)-и дигараш барои иҷораи сохтмон то соли 2045 дода шудааст. Дар шарҳ омадааст, ки ин арзиш аз қимати миёнаи бозор хеле тафовут дорад.

Бунёди тарҳи осорхона соли 2013, яъне ду сол пеш аз сари кор омадани Блаттер шурӯъ шуд. Ӯ 17 сол раҳбарии ин ниҳодро ба ӯҳда дошт ва дар паи моҷарои фасод аз вазифа канор рафт. Ӯ ҳама гуна қонуншиканиро дар мақоми президенти FIFA рад кардааст.

XS
SM
MD
LG