Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Қатар барои аввалин бор интихоботи порлумонӣ доир мекунад


Давҳа --пойтахти Қатар.
Давҳа --пойтахти Қатар.

Давлати Қатар дар моҳи октябри соли оянда интихоботи порлумонӣ баргузор мекунад. Ин барои бори аввал аст, ки дар таърихи ин кишвари шайхнишини ҳошияи Халиҷи Форс интихоботи порлумонӣ доир мешавад.

Вакилони Маҷлиси Шӯро ё порлумони Қатар қаблан таъйин мешуданд ва тибқи тағйироти нав, ҳамакнун онҳо аз сӯи мардум ва барои 4 сол интихоб хоҳанд шуд.

Амири Давлати Қатар дар авоили моҳи гузашта дар нишасти ифтитоҳии даъвати 49-уми порлумони кишвараш замони баргузории интихоботро моҳи октябри соли 2021 эълон карда буд.

Шуморе аз кишварҳои ҷаҳон аз ин иқдоми Давҳа истиқбол намуда ва онро як гоми мусбат дар ростои демократикунонии ҷомеаи ин кишвар донистаанд.

Қатар мизбони телевизиони "Ал-ҷазира" аст ва низ гурӯҳи тундрави Толибон дар ин кишвар дафтар дорад ва айни ҳол калонтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Халиҷи Форс дар хоки он мустақар мебошад.

XS
SM
MD
LG