Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон истеҳсоли семент афзоиш ёфтааст


Корхонаи сементбарории Душанбе
Корхонаи сементбарории Душанбе

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 3,64 миллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 - 2,4 дар сад бештар аст. Дар ин бора рӯзи 30-юми ноябр вебсайти jcement.ru бо такя ба Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон хабар додааст. Вебсайте, ки хабару гузоришҳо дар бораи истеҳсоли сементро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, аз январ то октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон инчунин истеҳсоли бетони сохтмонӣ беш аз 25 дарсад зиёдтар назар ба соли гузашта истеҳсол шуда, дар маҷмӯъ наздики 350 ҳазор метри мукаабро ташкил додааст. Семент ва бетон маҳсулоти муҳим дар сохтмони иншоот ба ҳисоб мераванд ва дар Тоҷикистон ҳам назар ба 10-15 соли пеш корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, дар доираи барномаи давлатии навсозии тарҳи шаҳри Душанбе, афзоиш ёфтааст.

Вебсайти jcement.ru мегӯяд, афзоиши маҳсулоти истеҳсолшуда инчунин дар ҳаҷми содироти он ҳам инъикос шудааст. Бино ба ин хабар, ҳаҷми сементи истеҳсолшуда дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1,08 милилон тонна, муодили беш аз 49 миллион долларро ташкил додааст. Маҳсулоти сохтмонии истеҳсолшуда дар Тоҷикистон асосан ба се кишвари ҳамсоя – Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шудааст.

Дар Тоҷикистон, бино ба иттилои вазорати саноат, 14 корхонаи истеҳсолкунандаи семент амал мекунад, ки иқтисоди истеҳсолиашон беш аз 5 миллион тонна семент дар як солро ташкил медиҳад. Азимтарини онҳо се ширкати муштараки тоҷикиву чинӣ - “Чжунгтсай Моҳир семент”, “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва “Ҳуаксин Ғаюр (Суғд) Семент” мебошанд.

Афзоиши тақозо ба семент дар бозори дохиливу берунаи Тоҷикистон нақшаҳои ташкили корхонаи нави сементбарориро ҳам дар кишвар такон дод. Қарор буд соли ҷорӣ дар ҳудуди Душанбе корхонаи нави сементбарорӣ фаъол мешуд, вале тавре вазорати саноат ва технологияҳои навин моҳи июн имсол гуфт, бо сабаби пандемияи коронавирус ин нақша то соли 2023 ба таъхир гузошта шуд. Корхонаи “Сементи тоҷик”, ки масъули ин тарҳ аст, гуфтааст, ки пандемия, аз ҷумла, ба ҷараёни воридкунии таҷҳизоти корхона аз Чин халал ворид кард.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон феълан нархи семент дар кишвар дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бетағйир монда, як тоннааш 780 сомонӣ аст. Нархи содиротии он низ баробари 420 сомонӣ будааст, зеро сементи содиротӣ тибқи тасмими мақомот аз пардохти 18 дарсад андози изофашуда озод карда шудааст.

XS
SM
MD
LG